Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чен мегӯяд, ки ба Амрико парвоз мекунад


Чен Гуанченг дар миёна
Чен Гуанченг дар миёна
Чен Гуанченг-яке аз фаъолони нобинои чиноӣ дар фурудгоҳи байналмиллалии Пекин гуфт, вай бовар дорад, ки ба Амрико парвоз хоҳад кард. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, ки Чен бо ин хабаргузорӣ телефонӣ сӯҳбат кардааст. Аккоси хабаргузории мазкур, ки дар назди шифохона қарор доштааст, мегӯяд, ки вай корвони мошинҳоро дидааст, ки аз шифохона ҳаракат кардаанд, шифохонае, ки ду ҳафта Чен дар он ҷо муолиҷа мегирифт. Аммо то ҳол рӯшан нест, ки оё Чен бо ин корвон буд ё хайр. Баъд аз он, ки Чен сафоратхонаи Амрико дар Пекинро тарк кард, ҳудуди ду ҳафта дар ин шифохона муолиҷа мегирифт. Вай дар сафоратхонаи Амрико чанд рӯз паноҳ бурда буд.
XS
SM
MD
LG