Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: "Эрон шатранҷбозӣ мекунад"


Дар остонаи гуфтугӯи панҷ қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, Эрон мехоҳад, дар ин гуфтӯгуҳо роҳи “таъхиру фиребро” пеш бигирад. Бенямин Нетаняҳу рӯзи ҷумъа зимни сафар ба шаҳри Прага гуфт, Эрон бо ҷомеаи байналмилалӣ “шатранҷбозӣ” мекунад. Қарор аст давраи нави музокирот бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон рӯзи 23 май, бо ҳузури намояндагони 5 узви доимии Шӯрои Амният, Амрико, Чину Русия, Фаронсаву Бритониё ва Олмон дар Бағдод баргузор шавад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад. Эрон ин иддаъоро рад мекунад. Исроил, ки Эрони мусаллаҳ бо бомби атомиро хатаре барои худ медонад ва мегӯяд, ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти атомии Эронро сарфи назар намекунад.
XS
SM
MD
LG