Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи "CASA-1000" соҳиби ҳайати мудирон шуд


Шӯрои байнидавлатии тарҳи CASA-1000 дар ҳамоише дар Дубай ҳайати раҳбарии ин барномаро таъин кард.

Ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон якҷо бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи Рушди Байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида, Бонки Исломии Рушд, Бонки Рушди Осиё ва дигар созмонҳои молиявии байнулмилалӣ дар ҳамоише дар Дубай ниҳоди идории тарҳи "CASA-1000"-ро таъсис доданд, ки бояд ба кори он роҳбарӣ кунад.

Аъзои Шӯрои байнидавлатии тарҳи "CASA-1000" сохтори кулли ин барномаро бознигарӣ ва шакли ниҳоии онро қабул карданд. Ҳамчунин мудири иҷроии тарҳ ва котиботи он интихоб шуда, нақш ва масъулияти гурӯҳҳои кории кишварҳо тақсим, шаклҳои сармоягузорӣ ва қадамҳои баъдӣ барои суръат бахшидан ба иҷрои тарҳ муайян гашт. Қарор шуд, интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар моҳи феврали соли 2014 оғоз ёбад. Дар ин муддат бояд хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистон то Покистон дар масири 750 километр кашида ва иншооти зарурии таъмини кори он бунёд гардад.

Дар ҳоле ки ҳайати Русия низ дар ин ҷаласа ширкат дошт ва бори дигар омодагии ин кишварро ба гузоштани 500 миллион доллар ба хазинаи тарҳ баён дошт, дар бораи пазируфта ё рад шудани ин пешниҳод иттилое нашр нашудааст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, барои иҷрои тарҳ ба сурати умум зиёда аз 900 миллион доллар зарур аст.

Дидори президентҳои чаҳор кишвар дар Душанбе
Дидори президентҳои чаҳор кишвар дар Душанбе
Омодагии Русия ба ширкат дар тарҳи "СASA-1000" дар моҳи сентябри соли гузашта аз тарафи раисиҷумҳури вақти ин кишвар Дмитрий Медведев ҳангоми дидораш бо сарони Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе садо дода буд. Аммо нашрияҳои Русия рӯзи панҷшанбе навиштаанд, бо вуҷуди ширкати ҳайати Русия дар музокироти Дубай, Маскав ба ҳамкорӣ дар ин барнома расман даъват нашудааст.

Дар мулоқот вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон Шералӣ Гул эълон кард, ки кишвараш ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар робита ба тарҳи "СASA-1000" омодааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар мавсими тобистон то 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи изофӣ доранд, ки метавонад ба кишварҳои ҳамсоя фурӯшанд. Ҷаноби Гул дар ҳамоиши Дубай гуфт: “Баландтарин дараҷаи иқтидори ин тарҳ дар интиқоли нерӯи барқ қарор аст дар баҳор иттифоқ афтад ва Покистон ҳам дар баҳор ба барқ эҳтиёҷи бештар дорад. Биноан, барои Покистон хеле муҳим аст, ки дар ин фасл аз ин тарҳ баҳравар гардад.”

Вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, Шералӣ Гул
Вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, Шералӣ Гул
Суханони вазири тоҷик мисли бахшиш аз мардуми Тоҷикистон садо медиҳанд, зеро худи Тоҷикистон ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст ва солҳои охир ин камбуд дар баҳор низ ба авҷи худ мерасад. Умедвории Тоҷикистон, бештар ба он аст, ки дар солҳои наздик бо бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба содиркунандаи асосии барқи арзон дар минтақа табдил ёбад. Аммо дар ҳоле ки Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳи "СASA-1000" ҳимояти комил нишон медиҳад, бунёди нерӯгоҳи Роғунро зимни мухолифати Узбакистон аз роҳи кашол додани ташхиси фаннӣ ва зистмуҳитии он ба дарозо мекашад. Тошканд ҳарос дорад, ки бунёди обанбори Роғун метавонад, маҷрои обро ба қаламрави Узбакистон коҳиш диҳад ва ҳам Душанберо соҳиби абзори нуфуз гардонад. Тоҷикистон ризоият додааст, сохтмони бахши асосии Роғунро танҳо баъд аз хулосаи мусбати ташхиси коршиносон идома диҳад.

Дар баробари мухолифат ба тарҳи Роғун, Узбакистон ин талошро ҳам дорад, ки бо фурӯши барқи арзон ба Афғонистон дар бозори энержии Осиёи Ҷанубӣ ҷойгоҳи қавӣ пайдо кунад. Ахиран, Тошканд ба Покистон пешниҳод кард, ки барои рафъи эҳтиёҷи ин кишвар ба
Ислом Каримов
Ислом Каримов
нерӯи барқ, дар ин ҷо чанд нерӯгоҳи тавлиди барқ аз сӯзишворӣ бунёд намояд. Моҳи марти соли гузашта сафири Узбакистон дар Исломобод Ориф Каримов паёми кишварашро ба мақомоти Покистон расонд, ки дар он аз ин тарҳ изҳори норозигӣ мешуд. Дертар раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов дар дидор бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ тарҳи мазкурро хилофи муқаррароти байнулмилалӣ номид ва пешниҳод кард, кишвараш дар ҳалли мушкили энержии Покистон саҳм бигирад.

Аммо Покистон ҳамон аз тарафдорони сарсахти тарҳи "СASA-1000" боқӣ монда, гуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ аз он даст нахоҳад кашид. Ба қавли расонаҳои хабарӣ дар ҳамоиши Дубай, ки дуюмин нишасти кишварҳо ва донорҳо буд, Покистон фаъолияти бештар нишон медод. Вазири федероли обу барқи Покистон Сайид Навид Қамар ба ҳайати кишвараш сарварӣ мекард ва мушовири импорти энержӣ дар ин вазорат Ҳилол Ризо дар ҳамоиши Дубай гуфтааст: “Ин тарҳ барои Покистон бисёр муҳим аст, зеро Покистон ба нерӯи барқ эҳтиёҷи шадид ва афзоянда дорад. Ҳукумати Покистон аз тамоми чораҳои мумкин кор мегирад, то ин барнома амалӣ гардад.”

Зимнан, нишасти панҷуми RECCA ё Конфронси минтақаии ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон низ дар санади ниҳоии худ бо номи "Эъломияи Душанбе" дар як саф аз ташаббусҳои дигари ҳамкориҳо барои рушди иқтисодии Афғонистон аз барномаи "СASA-1000" ҳимоят кард.

Як бахши умдаи хатти интиқоли барқ ба Покистон аз қаламрави Афғонистон хоҳад гузашт. Вазири обу энержии Афғонистон Муҳаммад Исмоил Хон дар мулоқоти Дубай гуфт, кишвари ӯ низ ба иҷрои ин тарҳ манфиатдор аст ва амнияти хатти интиқоли барқро таъмин хоҳад кард. Бино бар ҳисобҳои пешакӣ Афғонистон аз Тоҷикистону Қирғизистон 300 ва Покистон аз онҳо 1000 мегаватт нерӯи барқ харидорӣ хоҳад кард. Қарордоди байни давлатҳо дар ин бора 4-уми августи соли 2008 ба имзо расидааст. Аммо ин нукта ҳам дар миён аст, ки иқтидори интиқоли барқ тадриҷан бештар шуда, то 6000 мегаватт хоҳад расид. Дар он сурат, тахмин меравад, ки Ҳиндустон низ ба тарҳи мазкур пайваст хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG