Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон Синоро ба русӣ тарҷума мекунанд


Муҷассамаи Шайхураис дар Душанбе.

Муҷассамаи Шайхураис дар Душанбе.

Гурӯҳе аз донишмандони тоҷик, қасд доранд, то 3 соли дигар тамоми осори Абӯалӣ Синоро ба ду забон тарҷума ва дар 15 ҷилд нашр кунанд.

Коре, ки ҳатто лашкари азими шарқшиносони Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ анҷом дода натавонистааст.

Дар Тоҷикистон бо номи Абӯалии Сино мефахранду меболанд, муҷассамаи мӯҳташами ин нобиғаро ҳанӯз дар солҳои 80-уми шӯравӣ дар Душанбе гузоштаанд, аммо бешак аксарият намедонанд, бисёре аз осори Сино, ки бо забони арабист, ба забони модарии Сино баргардон нашудааст. Аммо ғолибан то се соли дигар, ба алоқамандони тоҷику русзабони осори Сино муяссар хоҳад шуд, аз мероси гаронбаҳои ӯ баҳра баранд. Аз ҷумла ба шарофати Саидраҳмон Сулаймонӣ, профессори тоҷик, ки солҳои тӯлонии умри худро сарфи тарҷума ва таҳқиқи осори Синои бузург кардааст: “Албатта инҷо дар назар дошта шудааст, ҳамаи осори илмӣ ва фалсафии Ибни Сино, яъне ҳам осори фалсафӣ ва ҳам осори тиббиаш, ки бояд дар 15 ҷилд то соли 2015 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума шаванд.”

Мақбараи Абуалӣ Сино дар шаҳри Ҳамадон, Эрон.

Мақбараи Абуалӣ Сино дар шаҳри Ҳамадон, Эрон.

Тарҷумаи осори фалсафиву илмии Сино ва он ҳам аз забони арабии бештар аз 1000 соли пеш осон нест ва донишмандони тоҷик аз соли 2005 ба ин сӯ ба тарҷумаи китобу рисолаҳои Сино машғуланд. Саидраҳмон Сулаймонӣ, мудири кафедраи филологияи араб дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, то кунун бештар аз чаҳор ҷилди осори Синоро ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст, аз ҷумла китоби “Ҳикмати Машриқия”-ро, ки аз осори гумному нохонои Сино буд: “Баъд аз ин як асари дигар дорад бо номи “Уюн–ул-Ҳикмат” (Родники мудрости), он ҳам тарҷума шудааст, як қисмаш ба чоп рафт, як қисмаш чоп шуда истодааст. Баъд аз он китоби “Наҷот,” ки ба русӣ (Книга Спасения) ном дорад. Ман се бахши асосии “Наҷот”-ро ба забони русӣ тарҷума кардам ва қисмати тарҷумашудаи арифметикаи онро илова карда ва ҷилди саввуми осори фалсафии Ибни Синоро аз чоп баровардем.Ҷилди чаҳорумаш чоп шуд ва тарҷумаи панҷуму шашум идома дорад ва ин ҷилдҳоро низ барои чоп омода мекунем.“

Ба гуфтаи Саидраҳмон Сулаймонӣ, ҳоло Маркази синошиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ягона маркази илмӣ дар қаламрави шӯравии собиқ аст, ки барои тарҷумаи осори Сино дасту остин барзадааст. Дар замони шӯравӣ ҳеҷ яке аз шарқшиносони он замон ҷасорат накарданд, ки бисёре аз китобҳои Абӯалии Синоро аз арабӣ ба русӣ баргардон кунанд, аз ҷумла “Китоб-уш-шифо”-ро, ки донишномаи бузурги фалсафа ва мантиқ аст ва ҳамроҳ бо Ал-Қонун, донишномаи тиббии Сино, солҳо дар марказҳои мӯътабари илмии Аврупо тадрис мешуд. Дар Эрон низ ин китобҳо ба таври комил ба форсӣ баргардон нашудаанд:

“Ҳозир дар марказ ба тарҷумаи “Шифо” ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ машғул ҳастем ва ман чанд бахшашро аз бахши аввал аз бахши мантиқаш “Китоби Ибора” (Об истолкований) ба тоҷикӣ ва ҳам ба русӣ тарҷума кардам. Китоби “Қиёс” (Силлогизм) ки китоби бисёр калон аст, қариб 600-700 саҳифа аст, як ҷилди махсус мешавад бо “Бурҳон”-и Ибни Сино. Ман чанд мақолаи калони ӯро аз арабӣ ба русӣ тарҷума кардам ва ҳозир тарҷумаи дигаронашро ҳамроҳ бо Неъмат Сайфуллоев, як мутаххассиси дигар, доир ба мантиқ таҳрир карда истодаем, то ки ҳамин сол ҳамин “Китоб-ул-Қиёс” ба чоп равад. Ҳамчун як китоби махсус ва яке аз бахшҳои “Китоб-уш-Шифо”.

Аммо кори донишмандони тоҷик бо ин тамом намешавад, зеро даҳҳо рисолаву осори Сино бо забони арабӣ, забони илмии он давр маҳфуз мондааст. Саидраҳмон Сулаймонӣ умедвор аст, ки донишмандони тоҷик то се соли дигар Як китоби Абӯалӣ Сино ба забони узбакӣ дар намоишгоҳи китоб дар Душанбе.(акс аз бойгон)

Як китоби Абӯалӣ Сино ба забони узбакӣ дар намоишгоҳи китоб дар Душанбе.(акс аз бойгон)

ба муроди худ мерасанд ва тамоми осори Синоро ба забони тоҷикиву русӣ тарҷума мекунанд. Аз Сино, ки соли 980 дар Бухоро ба дунё омада ва бо номи Авитсенна дар ҷаҳон маъруф аст, танҳо 240 рисолаву китоб боқӣ мондаанд. Саидраҳмон Сулаймонӣ мегӯяд, ин вазифаи муқаддаси олимони тоҷик аст, ки ҳам мардуми дохилу хориҷи Тоҷикистонро бо осори ин нобиға ошно кунанд:

"Ман ҳамчун як тарҷумон ва ҳамчун як фарзанди ҳамин ватан, ҳамчун як олим гуфтанӣ ҳастам, ки вақте мо дар бораи илми Сино гап мезанем ва хурду калон аз ӯ ифтихор мекунем, Ибни Сино таваҷҷӯҳи бештар мехоҳад. Чунон ки Ибни Сино фарз кардем дар Ғарб дар асрҳои миёна маҳбубият ёфт, ҳамин маҳбубият ҳам аз лиҳози фалсафӣ дар ватани худаш дар Тоҷикистон, аз таваҷҷӯҳи бештар бархурдор бошад, то ки на танҳо худамон бо ӯ ошноӣ дошта бошем, балки дигаронро ошно кунем. Ҳоло ки хонандаи русзабон дар шӯравии собиқ дар Русия дар Белорусия дар Украина албатта Ибни Синоро ба воситаи ҳамин забони русӣ бештар хоҳанд шинохт. Барои ҳамин ин масъаларо бисёр ҷиддӣ гирифтан даркор аст ва кӯшиш кардан даркор аст, ки осори Сино дар беҳтарин шакл тарҷума шавад, дастраси муҳаққиқону алоқамандон гардад, то ки миллати моро ҳам ба воситаи ҳамин бузургон шиносанд.”

Сайидраҳмон Сулаймонӣ мегӯяд, қарори махсус дар бораи тарҷумаи осори Сино аз соли 2005 иқдоми хубест, аммо бо ин набояд қаноат кард ва бояд бо тарҷумаи комили тамоми осори Сино нишон дод, ки тоҷикон ворисону шогирдони ҳақиқии машҳуртарин ва таъсиргузортарин файласуф ва донишманди ҷаҳони ислом ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG