Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон аз манотиқи зилзилазада дидан намуд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, чаҳоршанбеи 16-уми май аз манотиқи осебрасида аз заминларзаи субҳи 13 май дар ноҳияи Тавилдара дидан кард. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, раиси ҷумҳур ҳини боздид аз деҳоти тахрибшуда гуфтааст, ки ҳукумати кишвар ҷиҳати кӯмак ва бартараф кардани оқибатҳои заминлар тадобири оҷил хоҳад андешид. Тибқи маълумоте, ки ба раиси ҷумҳур ироа шудааст, дар заминларзаи рӯзи 13 май дар ноҳияи Тавилдара 150 манзил комилан тахриб шуда, 155 манзил қисман зарар дидааст. Заминларза дар ноҳияи Рашт 8 манзилро комилан ва 16 манзилро қисмат хароб кардааст. Дар заминларзаи ахир дар водии Рашт як нафар сокини ноҳияи Нуробод, зери девори ҳаммом монда ва ҳалок гашт.
XS
SM
MD
LG