Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти нави Фаронса Олланд савганд ёд кард


Дар Порис маросими савгандёдкуниии раисиҷумҳури нави Фаронса Франсуа Олланд барпо шуд. Бар пояи анъана, Ҳолландро дар даромадгоҳи Кохи Елисей раисиҷумҳури собиқ Николя Саркозӣ истиқбол намуд. Сарвари нави кишвар савганд ёд карда, дар майдони Елисей гардиш мекунад.

Қарор аст, ки имрӯз Ҳолланд дар бораи таъини нахуствазири нави кишвар амр содир кунад. Баъд аз ин нахустин сафари хориҷии ӯ ба Олмон шурӯъ мешавад.

Олланд, номзади Ҳизби сотсиалист, дар ҳар ду даври интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса пирӯз шуда буд.
XS
SM
MD
LG