Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон моҳвораи навро ба мадори Замин мебарорад


Хабаргузории ИРНА-и Эрон ба нақл аз раиси барномаи кайҳонии ин кишвар, Меҳдии Фараҳӣ хабар дод, ки Теҳрон рӯзи 23-юми май моҳвораи навро ба мадори Замин мебарорад. Фараҳӣ гуфт, моҳвораи мушоҳида ва ченкунандаи “Фаҷр”-ро киштии “Сафир Би1” ба мадор хоҳад расонд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Вена гуфтушуниди Бунгоҳи нерӯи ҳастаии Созмони Милал сари барномаи ҳастаии Эрон оғоз ёфтааст. Тарафҳо мӯҳтавои гуфтушунидро шарҳ надоданд. Даври навбатии он рӯзи сешанбеи 15-уми май идома баргузор хоҳад шуд. 23-юми май гуфтушуниди шаш қудрати ҷаҳонӣ -- Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон бо Эрон дар Бағдод ҷараён хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG