Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои амниятӣ дар Доғистон 7 тундравро куштанд


Мақомоти расмии артиши Русия гуфтаанд, ки дар чанд рӯзи ахир дар ҷумҳурии Доғистон 7 нафар афроди гумонбар ба тундравҳоро куштаанд. Ба гуфтаи мақомот, баъзе аз афроди кушташуда аъзои гурӯҳи “бандит” будаанд, ки дар ин минтақа аз ду сол ба ин сӯ фаъолият мекунад. Онҳо дар ҳамла ба кормандони пулис, шиканҷа, тамаъҷӯӣ аз соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ ва ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ муттаҳам дониста мешаванд. Дар амалиёти зидди ин гурӯҳ рӯзи панҷшанбе 2 сарбоз ва 2 афсари пулис низ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG