Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Юнон ташкили ҳукумати эътилофӣ зери суол рафтааст


Юнон, ки ҳоло бо бӯҳрони молӣ дасту панҷа нарм мекунад, ду ҳафта аст бо бӯҳрони дигар, яъне ташкили ҳукумати эътлофӣ рӯ ба рӯст. Раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ наметавонанд роҷеъ ба ташкили ҳукумат ба тавофуқ расанд, то аз баргузории интихоботи нав пешгирӣ ба амал ояд. Музокироти ҳизбҳо роҷеъ ба ин масъала имрӯз давом меёбад. Бино ба гузоришҳо, имконот барои рафъи ин мушкил камтар аст. Алексис Тсипрас-раҳбари ҳизби “Сириза” гуфтааст, бо ҳар ҳизбе, ки ҷонибдори барномаҳои маҳдудкунандаи молист ва ҳамчунин бо ҳизби сотсиалист эътилоф нахоҳад кард. Раҳбарони Аврупо ба Юнон фишор меоранд, ки қарордоди қарзи 310 миллиард долларии Аврупоро бипазирад.
XS
SM
MD
LG