Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз таркиши мудҳиш дар Алеппои Сурия


Мақомоти Сурия хабар доданд, ки аз як ҳамлаи густурдаи террористӣ дар шаҳри Алеппо, воқеъ дар шимоли кишвар, ҷилавгирӣ кардаанд. Ба иттилои телевизиони давлатӣ, нерӯҳои амниятӣ ронандаи мошинеро ҳадафи тир қарор доданд, ки беш аз як тонна маводи мунфаҷира дошт.

Аз ин пеш ошӯбгарони суриягӣ хостори тафтиши байнулмилалии ҳамлаҳои террористии як рӯзи пеш дар Димишқ шуданд. Бурҳон Галуён, раҳбари Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумат низ, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Токио гуфт, аз нигоҳи ӯ, ҳамлаҳоро мусаллаҳони “Ал-Қоида”, ки бо ҳукумати Башор Асад ҳамкорӣ мекунад, анҷом додаанд. Ба гуфтаи Галуён, Димишқ талоши ноком кардани тарҳи сулҳи аз сӯи намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия Кофӣ Аннон пешниҳодшударо дорад.

Рӯзи панҷшанбе бар асари таркиши ду мошин, ки аз сӯи маргталабҳо идора мешуданд, дасти кам 55 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 370 нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG