Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Литва мехоҳад зимни боздид аз Украина ба аёдати Тимошенко ба беморхона равад


Президенти Литва мегӯяд, ки талош мекунад рӯзи ҷумъа дар касалхона аз ҳоли нахуствазири собиқи зиндонӣ Юлия Тимошенко дидан кунад. Айни замон, садри аъзами Олмон Ангела Меркел Украинаро “диктотурии ҳамсон бо Беларус” унвон кардааст. Агар президент Далия Грибаускайте тавонад, ки дар шаҳри Харков ба дидори Тимошенко бирасад, вай аввалин раҳбари кишвари хориҷӣ мешавад, ки баъди зиндонӣ шудани Тимошенко дар октябри соли 2011 бо ӯ мулоқот мекунад. Ғарб бовар дорад, ки ҳукми ҳафт соли зиндони Тимошенко ангезаҳои сиёсӣ дорад. Президенти Литва рӯзи ҷумъа мехоҳад бо президенти Украина Виктор Янукович дар Киев дидору мулоқот кунад. Дар ҳамин ҳол, Ангела Меркел дар парлумони Олмон гуфт, ки Украина мисли ҳамсояаш Беларус як давлати диктотурӣ шудааст. Киев маҷбур шуд, ки баргузории ҳамоиши давлатҳои аврупоиро дар Киев баъди бойкоти ин нишаст аз ҷониби сиёсатмадорону раҳбарони давлатҳои аврупоӣ бекор кунад.
XS
SM
MD
LG