Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи 9-уми май дар шаҳри Душанбе бозии охирини сабқати интихобии гурӯҳи “С” барои Ҷоми раиси АФК-2012 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Балкан”-и Туркманистон поён ёфт.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 9 ҳазор тамошогар баргузор шуд, тақдири ду роҳхат ба сабқати ниҳоиро ҳал кард. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон бар тими “Балкан”, қаҳрамони секаратаи Туркманистон, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 41-ум Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол” боз кард. Дар дақиқаи 66-уми дидор Нургилич Диванов, бозигари “Балкан” аз ҷаримагоҳ бо сараш тӯбро вориди дарвозаи "Истиқлол" кард ва ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 79-уми бозӣ меҳмонон капитани “Истиқлол” Дилшод Восиевро дар ҷаримагоҳи худ аз пой афтонданд ва сардовар ҷаримаи 11-метра таъйин кард. Ҷабрдида Дилшод Восиев тӯбро ба ҳадаф расонд ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Дар ин бозӣ ҳар ду даста имкони зиёди голзанӣ доштанд, вале маҳорати баланди дарвозабонҳо имкон надод, ки ҳамлагарон муваффақ шаванд.

Амонмурод Муродов, сармураббии дастаи "Балкан"

Амонмурод Муродов, сармураббии дастаи "Балкан"

Баъди анҷоми ин бозӣ нахуст Амонмурод Муродов, сармураббии тими “Балкан”, дар нишасти матбуотӣ, қабл аз ҳама ба дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Аммарӣ” дар сабқати ниҳоӣ барори кор орзу кард. Вай афзуд, “дар бораи бозии имрӯза ба таври мушаххас ҳаминро гуфтаниям, ки кори мо омад накард. Дар футбол як мақоли хуб аст, агар ту гол назанӣ, ба ту гол мезананд. Бозигарони мо аз бисёр вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд, бинбар ин аз рақибамон мағлуб шудем. Ба андешаи ман бачаҳо хуб бозӣ карданд ва дастури мураббиёнро ба ҷо оварданд, вале бахт аз мо рӯ тофт. Онҳо баъди бозӣ гирён шуданд. Мо сабқатро бохтем, вале сазовор бохтем.”

Ҷаноби Муродов аз пазироии мизбонон ва дар сатҳи баланд баргузор шудани мусобиқа изҳори сипос намуда гуфт, “мардуми тоҷик бисёр меҳмоннавоз аст. Онҳо моро дар ҷараёни сабқат хеле хуб дастгирӣ намуданд. Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки ин мусобиқаро баргузор карданд, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, сарпарастон, хабарнигорон ташаккур гӯям. Мо ҳеҷ гуна мушкилот надоштем. Дар сабқати ниҳоӣ мо ба дастаи “Истиқлол” мухлисӣ мекунем.”



Вале Никола Кавазович, сармураббии тими “Истиқлол”, бо вуҷуди пирӯзӣ аз ҳунарнамоии бозигаронаш изҳорӣ ноқаноатмандӣ кард. Ӯ гуфт, “Балкан” имрӯз дастаи беҳтарин буд. Мо бад бозӣ кардем, бахусус дар хати дифоъ. Вале ман фикр мекунам, ки танҳо чемпионҳо метавонанд бад бозӣ кунанд ва пирӯз шаванд. Ман роҳбарони даста ва мухлисонро табрик мегӯям. Мухлисон бозигари дувоздаҳуми мо буданд. Ман дастаҳои “Балкан” ва ”Ал-Аммарӣ”-ро медонистам. Мо аз онҳо беҳтарем. Вале бачаҳои мо, ки пареррӯз бозӣ карданд, каме хаста буданд. Туркманҳо бошанд, чор рӯз пеш бозӣ карда буданд. Гурӯҳи “С”, ба назари ман, аз ҳама пурзӯр буд.”

Ҷаноби Кавазович, мутахассиси сербиягӣ, аз хатти пеши даста изҳори нигаронӣ карда гуфт, “ҳамлагарони мо дар задани гол мушкилот доранд. 13 бозигари “Истиқлол” дар тими миллӣ бозӣ мекунад. Бинобар ин онҳо дар тамринҳои мо чанд муддат ширкат надоштанд. Бозии Ҷаҳонгир Ҷалилов, Юсуф Рабиев, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Иброҳим Рабимов ба талабот ҷавобгӯ нест. Онҳо ҳамагӣ 25 фисади қобилияти худро нишон дода тавонистанду халос. Ташаккур ба дарвозабонамон Алишер Тӯйчиев, ки маҳорати баланд зоҳир намуд.”

Ҷаноби Кавазович ба суоли хабарнигорон дар бораи нақшаҳои ояндаи дастаи “Истиқлол” чунин посух дод: “Ҳоло мо ба бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон омодагӣ мебинем. Реҷаи кори мо вазнин аст. Фикр мекунам, ки мо дар бозиҳои ояндаи худ бар тимҳои ССКА “Помир”-и Душанбе, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Гвардия”-и Душанбе пирӯзӣ ба даст меорем ва соҳиби 9 имтиёз мешавем. Мо мақсад дорем, ки дар давраи аввали мусобиқот, ки 1-уми июл ба анҷом мерасад, дар байни се дастаи пешсаф ҷой бигирем. Мо тасмим гирифтем, ки ба даста дар давраи дувум якчанд бозигари нав даъват кунем. Баъди 1-уми июл ба Ҷоми Тоҷикистон тайёрӣ мебинем.”

Ба ин тартиб дастаи “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар гурӯҳи “С” ғолиб омад ва соҳиби роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, гардид.

Шараф Каримов, соҳиби бурди олӣ

Шараф Каримов, соҳиби бурди олӣ

Тими “Ал-Аммарӣ”, қаҳрамони дукаратаи Фаластин бо се имтиёз дувум шуд ва ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дастаи “Балкан”, ки дар ҳарду бозӣ шикаст хӯрд, дар ин гурӯҳ бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси АФК маҳрум гашт.

Инчунин ду дастаи беҳтарини гурӯҳи “В” - “Дордой”- и Қирғизистон ва “Фном Пенҳ Кровн”–и Камбоҷа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Сабқати гурӯҳи "А" бошад, рӯзи 12-уми май ба анҷом мерасад.

Дар бозии лотереяи молӣ, ки баъди анҷоми бозӣ баргузор шуд, Шараф Каримови 27-сола, соҳибкор аз шаҳри Истаравшан соҳиби мошини сабукрави тамғаи “ВАЗ-21014" гардид. Маҳмадхӯҷа Саидаминов, омӯзгор аз ноҳияи Тоҷикобод соҳиби скутер ё дучарха шуд. Мухлиси дигари футбол Бахтиёр Холов, омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, телевизори LG-и плазмавӣ бурд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG