Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ мешавад


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар яке аз нахустин фармонҳои давраи севуми раёсаташ супурдани имтиҳон аз забони русиро барои муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ кард. Дар фармони Путин, ки «Дар бораи таъмини ризоияти байни миллатҳо» унвон шудааст, амр шудааст, ки ҳукумат бояд то моҳи ноябр шароити имтиҳони ҳатмӣ аз забони русӣ, таърихи Русия, асосҳои қонунгузории Федеросиюни Русия барои муҳоҷирони корӣ, ба истиснои мутахассисони бомалака»-ро таъмин кунад. Танҳо аз Тоҷикистон солона беш аз 1 миллион нафар барои кор ба Русия мераванд. Ҷамъи муҳоҷирони хориҷӣ дар он кишварро мақомот дар давру бари 10 миллион нафар рақам мезананд.
XS
SM
MD
LG