Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон интиқоли барқ ба Афғонистонро аз сар гирифт


Тоҷикистон интиқоли барқи худро барои Афғонистон аз тариқи хатти баландшиддати "Сангтӯда-Пули Хумрӣ" пас аз таваққуфи якҳафтаина шурӯъ кардааст. Дафтари матбуоти ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи сешанбеи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз пояҳои хатти баландшиддат дар минтақаи Қумсангир ҷойгир аст, ки бар асари боронгарӣ аз ҷояш лағжида ва дар натиҷа интиқоли барқ номумкин шуда буд.

"Мутахассисони ширкати "Барқи тоҷик" дар зарфи як ҳафта пояи хатти интиқоли барқро дар ноҳияи Қумсангир дуруст карданд ва аз нав интиқоли барқ ба маҳаллаҳои наздимарзии Афғонистон шурӯъ шуд",-афзуд манбаъ. Ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик" баҳрабардорӣ аз хатти баландшиддати 220- киловолтаи "Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар таърихи 27-уми октябри соли 2011-ум оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG