Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби Юнон аз миёни наҷот ва варшикастагӣ


Интихоботи порлумонии Юнон қарор аст, сарнавишти ин кишварро ҳал кунад. Бино бар назарсанҷиҳо ду ҳизби асосӣ, ки чиҳил соли охир кишварро сарварӣ мекарданд, раъйи кофӣ ба даст нахоҳанд овард. Дар иваз 10 ҳизби хурдтаре, ки зидди сиёсати молии Юнонанд, пешсафанд. Сарони Юнон ҳушдор додаанд, ки раъйи интихобкунандагон ба аҳзоби зидди имдоди хориҷӣ кишварро ба варшикастагӣ хоҳад расонд. Юнон ба миллиардҳо доллари созиши байнулмилалӣ вобастааст ва барои гирифтани бахши дигари ин пул бояд моҳи оянда чораҳои нави сарфаҷӯиро ҷорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG