Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон бидуни нерӯи барқи ҳастаӣ монд


Ҷопон мегӯяд, ба хотири тафтиши давраӣ кори охирин реактори ҳастаияшро, ки нерӯи барқ тавлид мекард, қатъ кардааст. Бори аввал дар чиҳил соли охир дар ин кишвар истеҳсоли барқи атомӣ қатъ шуд. Ҳазорон нафар аз тазоҳуркнандагони зиддиҳастаӣ дар хиёбонҳои Токио, пойтахти Ҷопон, аз ҳукумат хостанд, дигар ба тавлиди нерӯи барқи ҳастаӣ барнагардад. Қатъи кори охирин реактор бо дастури ҳукумат амалӣ шуд, ки баъд аз таркиш дар нерӯгоҳи Фукушимо бар асари зилзила санҷиши фаннии ҳамаи реакторҳоро талаб кард. Эҳёи кори он танҳо бо ризоияти аҳолӣ мумкин хоҳад шуд. Нерӯгоҳҳои ҳастаӣ сеяки барқи Ҷопонро тавлид мекарданд.
XS
SM
MD
LG