Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқрори террористи ҷавон дар Иёлоти Муттаҳида


Додгоҳи Иёлоти Муттаҳида як навраси амрикоиро ба ҳимоят аз терроризм айбдор кард. Муҳаммад Ҳасан Холиди 18-сола, зодаи Покистон эътироф кард, ки хостааст, ба зане бо лақаби “Ҷейни Ҷиҳод” дар ҷамъоварии маблағ ва ҷиҳодиён мадад расонад. Ба ӯ 15 соли ҳабс таҳдид мекунад. Мақомот мегӯянд, Холид ҳанӯз аз 15-солагияш бо Коллин Ла Роз, мавсум ба “Ҷейни Ҷиҳод” гуфтугӯҳои интернетӣ доштааст. Ла Роз савганд хӯрдааст, ки рассоми шведро барои таҳқири мусулмонон ба қатл мерасонад. Ла Роз бо ҳабси абад рӯбарӯст. Ӯ дар моҳи июли соли гузашӯта боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG