Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати мо бо ҳунарманди маъруф, устоди ҳаҷву мутоиба Убайдулло Раҷаб аз мавзӯъи сарнавишти театри “Ойина” шурӯъ шуд. Ин театри ҳаҷву мазҳака бо ибтикор ва заҳмати зиёди ӯ таъсис шуд ва чанд соли аввал миёни мардум шӯҳрати зиёд пайдо кард. Аммо чаро ҳоло номи “Ойина” аз забонҳо уфтодааст?

-“Ойина”-ро ғубор зер кардааст...Ин ғуборро як кас ва дар танҳоӣ тоза карда наметавонад. Барои он ки “Ойина” чун пештара ҷило диҳад ва зиндагии моро акс кунад, мардони саховатпешаву ҳунардӯст заруранд. Ва аммо...мутаассифона, на ҳарчиро, ки дар дил дорам, метавонам ба забон биёрам...

-Ёд дошта бошед, дӯстамон шодравон Талабшоҳ Сатторов боре латифаеро аз ҳаёти аҳли мусиқӣ нақл карда буд... Чанд мусиқидон дар бораи мусиқӣ баҳс мекунанд ва ҳамин вақт як нафарашон мегӯяд. –“Зимнан, Тихон Хренников...” Ҳама ҳайратзада ба ӯ менигаранд. “О, мо дар бораи мусиқӣ гап мезанем, Тихон Хренников ба мусиқӣ чӣ дахл дорад?”... Шумо намоишҳои ҳаҷвии гурӯҳҳои даҳсолаи ахир пайдошударо тамошо мекунед? Ва назаратон ба гурӯҳҳое чун “Лаҳзаҳои гуворо”, “Хандинкамон” “Ғарибшо-компания” чист?

-Намоишҳои ин гурӯҳҳоро тамошо мекунам ва қариб ҳама ҳунармандони онҳоро мешиносам. Медонӣ, аз як тараф хуб аст, ки онҳо холигиро пур мекунанд. Ва аммо холигиро бо чӣ мавод пур мекунанд, албатта, мавзӯъи дигар аст. Ман бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавам ва мегӯям, ки "ба ҷойи шумо мебудам, ин корро намекардам". Аз як сӯ хурсандам, ки онҳо саҳнаҳои мазҳакавӣ намоиш медиҳанд, вале шахсан ман ҷуръат намекардам, ки барои намоишҳое дар ҳамон сатҳу дар ҳамон поя рӯи саҳна бароям.

Он чизе, ки мо таҳия мекардем, тамоман дигар буд, ман намегӯям, ки ба дараҷаи олӣ расида будем, не, ва ҳаққи гуфтанашро ҳам надорам, вале сатҳи он намоишҳо дигар буд. Шояд талаботи мардум дигар шудааст, ва мо ба ин талабот ҷавобгӯ нестем, шояд барои онҳо ҳамин хел ҳаҷви сабуки безермаъно писанд аст?

Мо солҳои пеш агар то фалсафаи ҳаҷвро намеёфтем, психологияашро, географияву этнографияву (механдад) каллиграфияи онро дақиқ намекардем, онро намоиш намедодем. Ҳаҷв бояд барои ҳама дастрас бошад – мо, тоҷикон, дар хона таоме мепазем, ки онро ҳам калонсолон хӯранд, ҳам ҷавонон ва ҳам кӯдакон... Ҳаҷв низ бояд барои ҳама бошад. Саҳнаҳои ҳаҷвии моро ҳам академик тамошо мекард, ҳам деҳқон, ҳам шоири бузург, ҳам нависандаи навқалам ё ба гуфтаи Файзалӣ Ҳасан “поэты новые карандаши”, ва вақте Сайидқосим ба мо мегуфт, инро ин хел кунеду инашро он хел, ё Раҳмон Остон, ё худораҳматӣ Сайф Раҳим ва дигар дӯстонамон мегуфтанд, мо гапашонро гӯш мекардем, хурсанд мешудем, ки ба таъби ҳамин дӯстонамон ҷавоб гуфта метавонем...

-Моҳҳои ахир дар телевизион чанд саҳнаи ҳаҷвӣ бо ширкати шумо намоиш дода шуд. Баъзеҳо шӯхиомез мегӯянд, ки Убайдулло Раҷаба “реабилитация” карданд... Воқеъан чандин сол боз он саҳнаҳо аз бойгониро намоиш намедоданд. Боз рӯ ба Убайдулло Раҷаб овардани “соҳибдилони телевизион” аз баҳри чист?

-Аз баҳри чист? Дар донишгоҳ чанд сол мехонанд, панҷ сол ё шаш сол?.. Панҷ сол-а! Баъзе бесаводҳо ҳафт сол ҳам мехонанд. Аз байн ҳафт сол гузашт, шояд ин муддат онҳо баъзе чизҳоро фаҳмиданд... Лекин ман худам ба телевизион нарафтам. Он чизе, ки баъди солҳо пахш шуд, кормандони телевизион аз писарам Шаҳзод хоҳиш карданд ва ӯ аз бойгонии ман порча-порча гирифта ба онҳо дод. Аммо худи раҳбарони Шабакаи якум ҳеҷ гоҳ ин корро накардаанд, намекунанд ва нияти кардан ҳам надоранд. Дилам аз онҳо он қадар гарм нест. Телевизиони “Сафина” як бор шаби эҷодии маро ва чанд саҳнаи қадимиро намоиш дод ва аммо Шабакаи якум... онҳо аз ин чизҳо парҳез мекунанд. Ман инро озод мегӯям ва парво ҳам надорам...

-Зимнан, Шаҳзод куҷост? Чанд рӯз пеш як навори солҳои пеш бо ширкати ӯро дида, хело завқ бурдем. Ба фикрам, Шоҳзод воқеъан дар ҳаҷву мимикаву пластика устухон надорад... Ӯ ин ҳунарашро идома доданӣ нест?

-Худат беҳтар медонӣ, ки барои ҳунарманд ҳама дарҳо боз аст. Шаҳзод эҷодкор аст, табъи нозук, завқи баланд ва диди борик дорад, агар бигирем, ягон саҳнаи маро такрор ҳам кунад, онро бо диду нигаҳу завқи худ анҷом медиҳад. Ӯ Академияи кинои Санкт-Петербургро тамом кард, кори дипломияш филми “Чарх” буд, ки нахустнамоишаш дар Душанбе баргузор шуд ва ӯ ба зудӣ рафта кори дипломияшро дифоъ мекунад. Вале... ман ҳам актери драма ҳастам, вале дар мазҳака бозӣ мекунам, саҳнаҳои бузурги майдонӣ таҳия мекунам, ки дар онҳо то 15-17 ҳазор нафар ширкат мекунанд. Ҳунар ҳам мисли организми зинда аст, мисли инсон аст, ки гоҳ мехоҳад кабудӣ истеъмол кунад, гоҳ тухми моҳӣ...

Ҳунарманд ҳама истеъдоди худро бояд намоиш диҳад... Агар ман метавонистам, ҳофизӣ мекардам, рақс ҳам мекардам... Рақсе, ки ман мекунам, дигар ҳеҷ кас карда наметавонад... Шаҳзод ҳам ҳунарманд аст. Ӯ дар хонадони эҷодкор ба дунё омадааст ва мехоҳад коре анҷом диҳад, ки то ӯ ягон каси дигар онро накардааст...

-Баъзеҳо мегӯянд, як сабаби заиф будани ҳаҷв имрӯз дар он аст, ки дар Тоҷикистон ҳаҷвнигорони, ба истилоҳ, “бақувват” нестанд?..

-Не, мо ҳаҷвнигорони хуб дорем, агар манзур ҳунармандони ҳаҷвнигор бошад... Ҳаҷвнигорро тарбия кардан мумкин аст, фақат савол ин аст, ки онҳоро кӣ роҳбарӣ мекунад, кӣ онҳоро рӯи саҳна мебарорад, ин масъулият бар ӯҳдаи кист?

Телевизиони мо на завқ дорад ва на талабот ва инро дарк карда ҳам наметавонад. Мо дар телевизион ҳатто журналисти дуруст надорем, журналисте, ки талаботи мову шуморо қонеъ карда тавонад.

Мо ҳаҷвнигорон ва ҳунармандони хуб дорем ва аммо вақте, ки одами сари фармон нишаста завқ надорад, ба кӣ мегӯед ин чизҳоро? Ҳунармандҳои ҳаҷвнигор ҳоло чизе хоҳанд - мекунанд, чизе хоҳанд - мегӯянд, фикр намекунанд, ки ин маъно надорад, зермаъно надорад, ишора надорад... Ҳаҷв бояд ҳадаф дошта бошад. Мо ба чӣ хотир рӯи саҳна мебароем? Фақат барои он ки бигӯему бихандему биравем? Ин ҳаҷв нест. Номи ин сафсатаву беҳудагӯист. Онҳое, ки ҳаҷви воқеиро қабул мекунанд, завқ доранд, имову ишораҳоро бо нозукӣ мефаҳманд, ҳар як нафас, ҳар як фосиларо ҳазм мекунанд... Ба қадри таом ҳам касе мерасад, ки таомҳои гуногун хӯрдааст ва ба онҳо баҳо дода метавонад. Ба таври дигар гӯем, “қадри зар заргар бидонад”.

-Оё Убайдулло Раҷаб хоҳиши навиштани китоб аз рӯзгори воқеъан пуршебу фароз ва, фикр мекунам, шоистаашро надорад?

-Ман ду китоби омодаи нашр дорам ва аммо азбаски аз соли гузашта бо ҷашнҳову намоишҳои майдонӣ банд будам, барои чопи онҳо вақту имкон пайдо накардам. Иншоолоҳ, ин китобҳо имсол нашр мешаванд. Ин як. Дуюм ин ки як филмномаи бисёр хуб дорам, филмномае, ки ба худам маъқул аст... Мавзӯяш бисёр ҷолиб аст, ҳаҷв, мутоиба, суханҳои нешдоре дорад, ки онро фақат одамони закитабъ мефаҳманд. Филм мазҳакавист, вале пушти хандаҳо як ҷаҳон гап аст, Агар ягон спонсор пайдо кунем, филми воқеъан ҷолиб метавонад рӯи парда ояд. Баъд... то охири сол дар “Ойина” ҳам чанд намоишномаи ҷолибро ба саҳна гузоштанием, албатта, ба шарте, ки имсол ҳам маро ба таҳияи намоишҳои бузурги майдонӣ ҷалб накунанд. Мо бояд худро ба мардум нишон диҳем, то ки мардум моро фаромӯш накунанд.

-Яъне, мехоҳед ба саҳна баргардед...

-Ман пештар ҳам гуфта будам, ки ҳамеша рӯи саҳнаам

-Метавонед бигӯед, ки китобҳо дар чӣ бораанд? Ё ин “сирри давлатист”?

-Не, он қадар сирри давлатӣ ҳам нест. Дар яке аз онҳо - саҳнаҳову ҳаҷвияҳои солҳои гуногун навиштаи худам гулчин шудаанд ва китоби дуюм - аз назари дӯстону афроде мураттаб шудаст, ки маро мешиносанд. Онҳо дар он бора навиштаанд, ки “Убайдулло Раҷаб кист” ва “Чаро ӯро Убайдулло Раҷаб мегӯянд”...
XS
SM
MD
LG