Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: Дар бораи "Мовароуннаҳр" мақола нанависед


Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дархост кардааст, ки матбуот дигар дар бораи ин ширкат мақолаҳо ба нашр нарасонад. Музаффар Насимов-корманди бахши молии ин ширкат рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар ин бора аз Додситонии кулл номае дарёфт кардаанд. Ба қавли Насимов, як нусхаи номаи Додситонии кулл дар ширкати “Моваруннаҳр” мавҷуд аст.
Ҳоло дар додгоҳ мурофиаи парвандаи Ҷӯрабек Охунов-раиси пешини ин ширкат идома дорад, амммо таваҷҷуҳи матбуот ба он камтар шудааст. Дар нома омадааст, ки барои халал ворид нашудан ба ҷараёни мурофиа матбуот аз чопи мақолаҳо худдорӣ кунанд.
Додситонӣ Охуновро барои фиреби муштариёнаш гунаҳгор медонад. Аммо тақрибан 600 нафар муштариён хостори раҳоии Охунов мебошанд ва аз ҳисоби намояндагони худ кумитаи дифоъ аз Охуновро ташкил кардаанд.
XS
SM
MD
LG