Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтугӯҳоро дар бораи афви муҳоҷирони ғайриқонунӣ рад кард.

Ин ниҳоди давлати Русия ҳамчунин гуфт, осон шудани тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон як овозае беш нест. Изҳороти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҳоле пахш шуд, ки чанде аз расонаҳои ахбори оми Русия навиштанд, афви муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Шӯравии собиқ метавонад шумораи аҳолии Русияро то 5 миллион нафари дигар бештар кунад. Табъан, дар миёни онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон низ кам нестанд.

“Российская Газета” навиштааст, Бунёди иҷтимоии “Миграция-21 век” ҳоло тарҳи назария ё консепсияеро таҳия мекунад, ки бар асоси он муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд мавриди афв қарор бигиранд. Ин афв ба он маъно хоҳад буд, ки мумкин аст ба онҳо шаҳрвандии Русия дода шавад. Рӯзнома навиштааст, тарҳи мазкур то ним соли дигар барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд. Дар сурати таҳия ва пешниҳод, тарҳи консепсия чӣ ҳадафҳоеро метавонад дунбол кунад?

Лидия Графова

Лидия Графова

Лидия Графова, сардабири маҷаллаи “Миграция-21 век” мегӯяд, созмонҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Бунёди иҷтимоии “Миграция-21 век” дар гузашта борҳо кӯшидаанд, барои таъйини мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ консепсияеро ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Ин муҳоҷирон аз кишвари худ қонунӣ ба Русия ворид шудаанд ва дар ин кишвар бо гуноҳи кордиҳандагон ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил ёфтаанд. Ҳоло Русия онҳоро наметавонад ихроҷ кунад, зеро онҳо ҷинояте содир накардаанд, балки барои ба даст овардани маблағе ва кӯмак ба хонаводаҳояшон бо кори сулҳомез машғуланд.

Хонум Графова мегӯяд, аз муддатҳо қабл бояд афви иммигратсионӣ ё муҳоҷират сурат мегирифт ва он ду гурӯҳи муҳоҷиронро бояд дар бар бигирад: “Гурӯҳи аввал ононе мебошанд, ки барои зисти доимӣ омадаанд ва ин шумора садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мӯҳлати ҳуҷатҳои давраи Шӯравии онҳо тамом шудааст ва дар Русия дар ҷои нав наметавонанд санади иқомат гиранд. Дар миёни онҳо тоҷикон ҳам ҳастанд. Онҳо ғайриихтиёр ғайриқонунӣ шудаанд. Ба гурӯҳи дуввум муҳоҷироне дохил мешаванд, ки дар Русия кор мекунанд, вале намешавад онҳоро ихроҷ кард. Беҳтар аст ба онҳо мақоми қонунӣ диҳанд.”

Графова мегӯяд, созмонҳои иҷтимоӣ аз соли 2004 баъд аз он, ки дар Русия “Қонуни шаҳрвандӣ” ба тасвиб расид, дар ин самт талошҳои худро идома медиҳанд, вале ҳукумати Русия аз афви чунин муҳоҷирон бим дорад.
Русия дар даҳсолаҳои охир миллионҳо нафар нерӯи қобили кори худро аз даст додааст ва ба мушкили демографӣ низ рӯ ба рӯст. Аз ин рӯ барои он, ки Русия ба кишвари воқеии абарқудрат табдил ёбад, бояд миллионҳо нафар муҳоҷиронро бипазирад. Мушкилҳои демографӣ ва иқтисодӣ Русияро дар оянда водор хоҳад кард, ки сиёсати муҳоҷирпазирии худро нармтар кунад.

Вале нуктае дигаре, ки дар гузаштаҳо ҷалби таваҷҷӯҳ карда буд, додани мақоми шаҳрвандӣ ба шумораи зиёди шаҳрвандони Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ буд. Моҳи августи соли 2008 Русия ба баҳонаи дифоъ аз “шаҳрвандони худ” ба ин ду ҷумҳурӣ низомиёни худро ворид кард ва ин лашкаркашӣ бо ҷудоихоҳии ин ду ҷумҳурии мухтори Гурҷистон ба поён расид.

Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Дар гуфтугӯе Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар посух ба ин пурсиш, ки дар сурати додани мақоми шаҳрвандӣ ба шумораи зиёди тоҷикон, хавфи зери тасаллути Русия қарор гирифтани Тоҷикистон вуҷуд надорад, гуфт: “Аз шаҳрвандии кишвари худ мондану объекти масъалаҳои гуфтаи шумо шуданашон ҳам мумкин. Ин хавф ҳам ҳаст. Бо вуҷуди ин, мо дигарем ва он ду ҷумҳурӣ дигаранд. Онҳо худашон мехостанд ва дар ин ҷо барои гирифтани шаҳрвандӣ навбат меистоданд. Аз мо на ҳама, яъне оммавӣ нест, ки ҳама шаҳрвандӣ бигиранд.”

Ҷаноби Достиев афзуд, ягон тоҷик решаи худро аз Ватани аҷдодӣ канданӣ нест ва намеканад. Аммо Олег Панфилов, таҳлилгари умури ИДМ дар Тифлис мегӯяд, агар дар пушти ин консепсия ҳукумат қарор дошта бошад ва бихоҳад, ки ба 5 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ шаҳрвандии Русияро диҳад, дар он сурат такрори “бозиҳои сиёсӣ”-и Русия дар Абхозистону Асетияи Ҷанубӣ дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ низ имкон дорад. Вай роҷеъ ба нақшаҳои гузаштаи Русия барои ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Қафқоз чунин мегӯяд:

Олег Панфилов, коршиноси масоили ИДМ

Олег Панфилов, коршиноси масоили ИДМ

“Русия ба нақша гирифта буд, ки шиносномаҳоро тақсим кунад ва сипас эъломия диҳад, ки низомиёнаш дар он ҷо аз шаҳрвандони Русия дифоъ мекунанд. Агар ҳоло Русия нисбат ба муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ҳамин гуна рафтор кунад, замоне фаро хоҳад расид, ки Русия бо назардошти шумораи зиёди “шаҳрвандони худ” дар ин кишварҳо пойгоҳи низомиашро аҳроми сиёсии дифоъ аз шаҳрвандонаш эълон кунад. Барои ҳамин хатари бузург вуҷуд дорад.”

Матбуоти Русия менависад, шояд ҳукумати Русия мақоми шаҳрвандиро ба шумораи зиёди муҳоҷирон барои он медиҳад, ки онҳо хонаводаҳои худро бо худ оранд ва ба кишвари аҷдодӣ камтар пул бифиристанд, то ин пулҳо дар Русия бимонад. Вале мусоҳибони мо суди иқтисодӣ аз ин корро андак мешуморанд ва мегӯянд, муҳоҷирон дар ҳар ҳолат фиристодани пул ба волидайни худ ё ба аъзои дигари хонаводаи худро аз даст нахоҳанд гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG