Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон, Беларус ва Эрон - бадтарин сонсуркунандаҳои матбуоти озод


Як созмони мудофеи озодии баён бо пахши гузорише гуфт, ки Ӯзбакистон, Беларус ва Эрон дар садри давлатҳои сонсуркунандаи матубот қарор гирифтанд. Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки дар Ню-Йорк воқеъ аст, гуфт, журналистони Ӯзбакистон таъқиб ва муҷозот шуда, саркӯбгариҳои ҳукумати Беларус фаъолияти журналистони зиёди мустақилро “зеризаминӣ” кардааст. Гузориш мегӯяд, ки ҳукумати Эрон ба эътирозҳои афзояндаи сиёсӣ бо масдудсозии вебсайтҳо ва зиндоникунии журналистон посух дод. Гузориши Кумитаи дифоъ аз журналистон давлатҳои ҷаҳонро аз назари дастрасӣ ба вебсайтҳо, озодиву ҳаракати журналистон ва фаъолияти матбуоти хусусӣ ба гурӯҳҳо ҷудо кардааст. Дар рӯйхати давлатҳое, ки бадтарин шароити кор барои журналистону озодии баёнро доранд, Миянмар, Арабистони Саъудӣ, Куба, Кореяи Шимолӣ, Гвинея ва Сурия ном бурда мешаванд. Ин гузориш дар арафаи рӯзи ҷаҳонии озодии баён нашр шуд, ки ҳар сол 3 май таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG