Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Даврони ҷанг дар Афғонистон ба поён мерасад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пойгоҳи Багром гуфт, даврони ҷанг дар Афғонистон ба поён мерасад ва шикасти Ал-Қоида наздик шудааст. Ӯ ва ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай қаблан дар Кобул ба паймони мушорикати стротегии ду кишвар имзо гузоштанд. Ин қарордод шароити равобити Вошингтону Кобул дар пайи хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон дар поёни соли 2014-ро мушаххас мекунад. Обама дар паёмаш гуфт, хатми ҷанги Ироқ ва наздик шудани поёни ҷанг дар Афғонистон “имкон дод, ки мо уфуқҳои наверо дар пеш бубинем.” Ӯ аз Толибон даъват кард, хушунатро маҳкум карда, ба раванди музокироти сулҳ бипайванданд. Сафари Обама дар солгарди аввали қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG