Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоиҳои бузурги эътирозӣ дар Аврупо


Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Аврупо дар Рӯзи байналмилалии коргар алайҳи сарфаҷӯиҳои ҳукуматҳо аз буҷаи давлатӣ раҳпаймоӣ карданд. Иттиҳодияи коргарӣ дар Юнону Испания, Итолиё, Португалия ва Фаронса бо истифода аз рӯзи якуми май бо ҷалби коргарон хашми худро аз коҳиши имтиёзҳои иҷтимоиву музди кори коргарон дар ин кишварҳо нишон доданд. Дар шаҳри Турини Итолиё тазоҳургарони хашмгин бо кормандони пулис даргир шуданд. Дар шаҳрҳои Мадрид ва Барселонаи Испания даҳҳо ҳазор нафар зери борон бо шиорҳо алайҳи коҳиши имтиёзҳои коргарон ба майдонҳои марказӣ раҳпаймоӣ карданд. Дар Маскав Владимир Путин, раиси ҷумҳури оянда ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури феълии Русия ба 150 ҳазор нафар пайвастанд, ки дар раҳпаймоии мисли шӯравӣ ширкат доштанд. Дар Куба низ ҳамингуна раҳпаймоии ҳукуматии азим баргузор шуд. Дар Тоҷикистон рӯзи якуми май агарчӣ рӯзи таътил аст, аммо ҳеҷ гуна маросиме баргузор нашуд.
XS
SM
MD
LG