Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони муомилаи Амрикову Чин пиромуни Чен


Чен Гуангченг
Чен Гуангченг
Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Чин, ки дар Амрико ба сар мебарад, гуфт, дипломатҳои Амрикову Чин ба муомилае, ки барои табобат ба Амрико рафтани фаъоли чиноӣ Чен Гуангченгро иҷозат диҳад, наздик шудаанд. Боб Фу аз созмони ChinaAid бо истинод ба як манбаъи наздик ба ҳарду давлат гуфт, “ду ҷониб ба ҳалли масъала наздик шудаанд” ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи панҷшанбе ин мавзӯъро бо раҳбарони Чин баррасӣ хоҳад кард. Чен, ки бо ифшои мавридҳои маҷбуран исқоти ҳамл ва нозо кардани занон дар зодгоҳаш маъруф аст, рӯзи 22 апрел аз ҳабси хонагӣ фирор карда, ба сафорати Амрико дар Пекин паноҳ бурд.
XS
SM
MD
LG