Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Сараево Ҳандановичро муҷрим шинохт


Росима Ҳанданович
Росима Ҳанданович
Росима Ҳанданович нахустин зан дар Босния аст, ки додгоҳи Сараево дар ҷиноёти ҷанг ва қатлҳои қавмӣ дар солҳои 90 муҷрим шинохт. Тафтишот мегӯяд, ин сарбози воҳиди вижаи «Артиши Зулфиқор» дар соли 1993 дар қатли се нафари мулкӣ ва се маҳбуси ҷанг дар рустои Трушина дар ҷануби Босния даст дошт. Ҳанданович баъди ҷанги Босния ба Амрико ҳиҷрат кард, вале ӯро дар моҳи декабр ба Сараево супурданд. Интизор меравад, ӯро аз 5 то 6 сол маҳкум ба зиндон кунанд ва он ҳам дар баҳои ваъдаи шаҳодат додан алайҳи аъзои дигари «Артиши Зулфиқор», ки феълан дар Босния муҳокима мешаванд.
XS
SM
MD
LG