Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон "Қуръон"-сӯзии Террӣ Ҷонсро маҳкум кард


Террӣ Ҷонс
Террӣ Ҷонс
Эрон оташ задани китобҳои “Қуръон” аз сӯи роҳиби амрикоӣ Террӣ Ҷонс дар таърихи 28 апрел дар аёлати Флоридаро маҳкум кард. Вазорати хориҷаи Эрон ин амалро “таҳқир ва иғвоомез” номида, аз Амрико хост, то аз ҷаҳони Ислом узр бихоҳад. Ҷонс китобҳои “Қуръон” ва тасвирҳои паёмбари Ислом Муҳаммадро дар посух ба ҳукми зиндони роҳиби масеҳӣ Юсуф Нодархонӣ дар Эрон оташ задааст. Нодархонии 32-сола соли 2009 боздошт шуда, бо ҷурми баргаштан аз дин ба қатл маҳкум шудааст. Аммо додгоҳи олии Эрон ҳукми эъдоми ӯро дар моҳи феврал лағв кард. Пентагон – вазорати дифоъи Амрико - ба далели нигарониаш аз амнияти нирӯҳои НАТО дар Афғонистон аз Террӣ Ҷонс хоста буд, ки даст ба сӯзондани “Қуръон” назанад.
XS
SM
MD
LG