Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз довталабони номзадӣ ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Нют Гингрич шояд рӯзи чаҳоршанбе аз сабқати пешазинтихоботӣ канор равад. Дар ин бора як манбаи наздик ба ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Нют Гингрич, раиси пешини Палатаи намояндагони Конгресси ИМА, аз номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон Мит Ромнӣ пуштибонӣ хоҳад кард – ба иттилои CNN, Гингрич чанд рӯз пеш бо Ромнӣ сӯҳбати телефонӣ дошт.

Номи рақиби номзади демократҳо Барак Обама моҳи август дар анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон эълон хоҳад шуд. Интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG