Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Янукович барои боздошти омилони таркиш ҷоиза эълон кард


Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, барои иттилое, ки ба боздошти масъулони чаҳор инфиҷор дар шаҳри Днепропетровск мусоидат мекунад, 2 миллион гривна, муодили 250 ҳазор доллар, ҷоиза эълон кард.

Бар асари таркишҳои рӯзи ҷумъа дар ин шаҳри Украина, бар пояи иттилои ахир, 30 нафар, аз ҷумла, даҳ кӯдак осеб дидаанд. Вазорати ҳифзи сиҳати кишвар имрӯз хабар дод, ки айни ҳол 22 нафар аз осебдидагон дар бемористонанд, вазъи чаҳор нафари онҳо вазнин аст.

Масъулияти таркишҳоро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.Дар шаҳри Днепропетровск чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд, то рӯзи 2 май баргузор кардани намоишҳои оммавӣ мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG