Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳои Днепропетровск 30 нафар осеб диданд


Бар асари таркишҳои дирӯза дар шаҳри Днепропетровски Украина, бар пояи иттилои ахир, 30 нафар, аз ҷумла, даҳ кӯдак осеб дидаанд. Вазорати ҳифзи сиҳати кишвар имрӯз хабар дод, ки айни ҳол 22 нафар аз осебдидагон дар бемористонанд, вазъи чаҳор нафари онҳо вазнин аст.

Масъулияти таркишҳоро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Дирӯз сарвари сарраёсати тафтишоти вазорати умури дохилии Украина Василий Фаранник гуфта буд, ки таркишҳо бо сиёсат марбут нестанд ва характери ҷиноӣ доранд.

Дар шаҳри Днепропетровск чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд, то рӯзи 2 май баргузор кардани ҳама гуна намоишҳои оммавӣ мамнӯъ аст.

Қарор аст, ки имрӯз раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович аз Днепропетровск дидан кунад.
XS
SM
MD
LG