Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон музокирот бо МАГАТЭ-ро аз сар мегирад


Алӣ Асғар Султония
Алӣ Асғар Султония
Эрон музокирот бо МАГАТЭ - Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаиро аз сар мегирад. Намояндаи Эрон дар ин ниҳод Алӣ Асғар Султония хабар дод, ки гуфтушунидҳо рӯзҳои 13 ва 14 май дар Вена баргузор хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, ки ин тасмими Теҳрон - баёнгари аҳдофи осоиштаи барномаи ҳастаии Эрон аст ва ҳама иттиҳом дар бораи талошҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани кишвар бепояву бунёданд.

Аз ин пеш Эрон музокирот оид ба барномаи ҳастаияш бо панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмонро аз сар гирифт ва қарор аст, ки даври навбатии он рӯзи 23 май дар Бағдод доир шавад. Ахиран вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ дар мавриди комёб шудани ин музокирот изҳори хушбинӣ кард.

Теҳрон ҳадсу гумони ҷомеъаи байнулмилалӣ дар бораи талоши дастёбияш ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG