Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 сарбози арманӣ дар марз бо Озарбойҷон


Арманистон мегӯяд, бар асари ҳамла ба як мошини низомӣ дар марз бо Озарбойҷон 3 сарбози арманӣ кушта шуданд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин афрод аз ҷониби марзи Озарбойҷон ҳамла шудааст ё на. Аммо 2 рӯз пеш як русто дар ин минтақа аз сӯи Озарбойҷон тирборон шуда буд, вале касе осеб надид. Арманистону Озарбойҷон солҳост, бар сари вилояти умдатан арманинишини Қаробоғи кӯҳӣ баҳс доранд.
XS
SM
MD
LG