Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори дигандеши нобино аз ҳабси хонагӣ дар Чин


Як дигарандеши маъруф ва нобинои чинӣ аз ҳабси хонагӣ фирор карда, ба сарвазири Чин Вен Ҷибао паёми видеоӣ фиристодааст. Чен Гуангченг, ки баъди адои 4 сол ҳукми зиндон 20 моҳ боз дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, дар ин паёми дар Интернет нашршуда аз мақомот хост, то қазияи латукӯби аъзои хонаводаашро таҳқиқ кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Чен манзилаш дар русти Донгшигу дар устони Шандонгро рӯзи якшанбюе тарк гуфтааст. Гузоришҳои тасдиқношудае ҳам ҳаст, ки Чен гӯё дар сафорати Амрико дар Пекин будааст. Чен бо ифшои мавридҳои маҷбуран исқоти ҳамл ва нозо кардани занон дар устони Шандонг маъруф шуда буд.
XS
SM
MD
LG