Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон хонаводаи Бин Лоденро ихроҷ кард


Аъзои хонаводаи Усома Бин Лоденро аз Покистон ихроҷ кардаанд. Мақомот мегӯянд, се зан ва фарзандони раҳбари пешини шабакаи Ал-Қоидаро субҳи ҷумъа ба ҳавопаймои роҳии Арабистони Саудӣ савор кардаанд. Муҳаммадамир Халил, вакили хонаводаи Бин Лоден гуфт: «Дар маҷмӯъ 14 узви ин хонавода ихроҷ шуд. Сеяшон занони бевамондаи Бин Лоденанд ва 11 тани дигар – фарзандону набераҳои ӯ.»
Покистон пайвандони Бин Лоденро дар пайи қатли ӯ аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико дар таърихи 2 майи соли 2011 боздошт карда буд. Онҳо моҳе пеш бо ҷурми вуруд ва иқомати ғайриқонунӣ дар Покистон ба муддати кӯтоҳе маҳкум ба зиндон ҳам шуданд.
XS
SM
MD
LG