Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз натоиҷи чаҳор соли кораш натиҷагирӣ кард


Дмитрий Медведев имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорони панҷ шабакаи телевизионии Русия аз натоиҷи чаҳор соли фаъолияташ дар мақоми раисиҷумҳури Русия натиҷагирӣ кард.

Ӯ ақидаеро, ки гӯё бо Владимир Путин табодули мақом кардаанд, рад намуд ва гуфт, ки Путин аз тариқи мубориза мақоми раисиҷумҳурро соҳиб шудааст, худи ӯ бошад ҳанӯз ба курсии нахуствазирӣ нанишастааст. Медведев ҳамчунин гуфт, ки аз пешниҳоди сарварии ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” сарпечӣ нахоҳад кард.

Раисиҷумҳури Русия гуфт, ки аз талошҳояш барои рушди озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишвар розист ва аммо мубориза бо фасод, аз нигоҳи ӯ, самари зиёд бор наовардааст.

Дмитрий Медведев дар робита ба сарнавишти раиси пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский гуфт, то замоне, ки ӯ барои афв ариза нанависад, афв нахоҳад шуд.

Бо Дмитрий Медведев хабарнигорони шабакаҳои телевизионии ВГТРК, НТВ, РЕН ТВ ва "Дождь" мусоҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG