Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Ҳома тақрибан 70 нафар ҷон бохтанд


Бар асари таркиш дар шаҳри Ҳомаи Сурия тақрибан 70 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Би-Би-Си бо такя ба фаъолони мухолифини Сурия хабар додааст. Дар таркиш чанд бино тахриб шуд.

Дар ҳамин ҳол телевизиони давлатии Сурия теъдоди қурбониёни ҳодисаро 16 нафар ҳисоб карда, иттилоъ дод, ки дар бинои тахрибшуда “гурӯҳҳои террористӣ” ба сохтани бомбҳо машғул буданд.

Би-Би-Си ҳамчунин дар бораи навори видеоие хабар додааст, ки дар он кормандони нерӯҳои амниятии Сурия як мардро барои ҳамкорӣ бо хабарнигорон зинда зери хок мекунанд. Дар ҷавоб ба илтиҷоҳои мард барои раҳму шафқат, афсари нерӯҳои амниятӣ фарёд мекашад, ки ин муҷозот барои пул гирифтанаш аз шабакаҳои телевизионии арабист.

Дирӯз мақомоти Фаронса изҳор намуданд, ки тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб оид ба Сурия Кофӣ Аннон бо айби Димишқ тақрибан ноком шудааст.
XS
SM
MD
LG