Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумон ширкати тоҷикиву чинии "Ҳауксин Ғаюр семент"-ро аз тамоми навъи андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Ҳукумати Тоҷикистон ин ширкатро, ки дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи тавлиди семент бунёд мекунад, барои воридоти таҷҳизоти техноложии муосир аз тамоми пардохтҳои андозиву гумрукӣ озод кардааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки ин пешниҳоди ҳукуматро бо вакилони Маҷлиси намояндагон дар миён гузошта ва ризоияти онҳоро барои ворид кардани ислоҳ дар Қонуни будҷаи давлатии соли ҷорӣ ҳосил кард, гуфт, корхонаи тавлиди семент дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори истеҳсоли як миллион тонна семент дар сол бунёд хоҳад шуд. Ва барои онки ин корхона дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифода дода шавад, зарур аст, ки барои он имтиёзҳои қонунӣ дода шавад:

«Бо назардошти талаботи истеъмолӣ ба семент ва зиёд намудани потенсиали содиротии Тоҷикистон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни бюҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 оиди додани имтиёзҳои иловагии андозӣ барои ворид намудани техника, таҷҳизотҳои истеҳсоливу технологӣ барои эҳтиёҷоти заводи сементбарории Ёвон, ки маблағи озодшавии онҳо аз пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 60 миллион сомонӣ таҳия гардидааст.»

Cафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Cафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Ба ин тартиб ширкати мазкур аз пардохти 60 миллион сомонии андоз ва боҷи гумрукӣ раҳо карда шуд. Вале баъзе соҳибкорон иддао доранд, ки имтиёз ба ширкатҳое дода мешавад, ки аз пуштибонии мақомот бархурдор ҳастанд.
Пеш омадани чунин вазъ ба ақидаи ин соҳибкорон, боиси ба вуҷуд омадани рақобатҳои носолим ва дар ниҳоят бар зарари иқтисоди кишвар тамом мешавад. Дар шумори чунин ширкатҳо, ки аз хориҷи кишвар бо имтиёз таҷҳизот ворид мекунанд, ин коршиносон исми ширкати пулчинии IRS ва «ТоҷИрон»-ро ном мебаранд.



Некрӯй Забиров, раиси Иттифоқи тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ вогузории имтиёзҳои вижа барои як гурӯҳи соҳибкорҳо иқлим ва фазои тиҷоратро номусоид месозад. Аз ин ҷост, ки давлат бо истифода аз фишангҳое, ки дар ихтиёр дорад ҳамеша ин ҷараёнро зери назорат мегирад ва бо татбиқи қонунҳои вижа барои ҳамаи соҳибкорон ва ширкатҳо шароити баробар фароҳам месозад:

«Русҳо мегӯянд, ки “Государство должно создавать единий правила игры для бизнеса.” Барои як қатор соҳибкорҳо як гуна имтиёзу барои дигар соҳибкорҳо дигар имтиёз нодуруст аст. Лекин давлат фишангҳо дорад. Вақте дид, ки рушди як соҳа назар ба дигар соҳа коҳиш меёбад, аз ин фишангҳо, аз ҷумла фишангҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ истифода мекунад.»

Аммо Мирзошариф Исломиддинов, иқтисодшиноси тоҷик аз онки барои як ширкати истеҳсолкунандаи семент чунин имтиёзҳо дода шудааст, истиқбол кард. Вай гуфт, ки ширкатҳое, ки ба маблағҳои зиёд таҷҳизот ворид мекунанд, ин ҳақро доранд, ки аз давлат барои кам кардани маблағ ва ё комилан напардохтани бархе аз анвои андоз ва боҷи гумрукӣ дархост намоянд:

«Проседураи пешниҳоди ин имтиёзҳо ниҳоят як кори мушкил аст. Пешниҳод мешавад, ҳукумат меомӯзад ба вазоратҳо пешниҳод мекунад, вазоратҳо хулосаи худро мегӯянд. Онҳо ҳам бояд ташаббус нишон дода пешниҳод мекарданд. Пешниҳод кардан даркор ва агар ҳукумат дастгирӣ накунад, вале ман бовар дорам, ки дастгирӣ меёбад, он вақт гуфтан даркор буд, ки барои чӣ «Тоҷирон» дастгирӣ карда шуд ва барои чи он корхонае, ки дар Масчо сохта мешавад, дастгирӣ намешавад.»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили МН

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили МН

Дар ҷараёни баррасии масъалаи озодсозии ширкати «Ҳауксин Ғаюр семент» аз пардохтҳои андозиву гумрукӣ, дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, вакили ҲНИТ дар парлумон аз он изҳори ташвиш кард, ки имтиёзҳо ба ширкатҳое дода мешавад, ки молики онҳо на танҳо барои мардум, ҳатто барои вакилон номаълум боқӣ мемонад: «Вақте ҳамин гуна лоиҳаҳо пешниҳод мешавад, ҳадди ақал як саҳифа маълумотномаи мухтасар дар бораи ҳамин ширкат, корхона, таърихи сабт ва имкониятҳояш ба вакилон пешниҳод карда шавад.»

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси олии ин кишвар дар рӯзи 20-уми апрел эълон кард, аз ин ба баъд аз тамоми пардохтҳо ва андозҳои гумрукӣ воридкунандаҳои таҷҳизоти техноложии муосир озод карда мешаванд.

Бо ин ҳол қарор аст ширкати «Ҳауксин Ғаюр Семент», ки аз моҳи сентябри соли гузашта ба сохтмони корхонаи семент дар ноҳияи Ёвон шурӯъ кардааст то 16 моҳи баъд онро мавриди истифода қарор бидиҳад. Гуфта шуд, ки он солона ба маблағи 700 миллион сомонӣ истеҳсол ва барои 1000 нафар ҷойи корӣ фароҳам мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG