Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АI :"Мусалмонон дар Аврупо табъиз мешаванд"


Созмони афви байналмилал мегӯяд, дар бархе маворид дар кишварҳои аврупоӣ мусалмонон мавриди табъиз қарор мегиранд.

Гузориши нави Cозмони афви байналмилал ё Amnesty International ба мавориде ишора мекунад, ки дар асари бархӯрди фарҳангӣ ва мазҳабии дар ҳоли густариш дар бархе кишварҳои аврупоӣ, мусалмонон ба таври давомдор дар рӯбарӯи табъиз қарор гирифта, аз имкониятҳои корӣ ва таҳсил маҳрум сохта шудаанд.

Ин гузориши, ки бо унвони «Интихоб ва пешдоварӣ: табъиз алайҳи мусалмонон дар Аврупо» нашр шудааст, зиндагии мусалмононро дар кишварҳои Фаронса, Суис, Белгия, Испания ва Ҳуланд мавриди баррасӣ қарор додааст.

Мушоҳидаҳои Созмони афви байналмилал нишон медиҳад, дар ин кишварҳои аврупоӣ, касоне ки ба шеваи хос либос пӯшида чодар ба сар мекунанд ва ё ҳам нишонаҳое аз вобастагӣ ба дини исломро бо худ доранд, бо душвориҳое дар заминаҳои кор ва таҳсил рӯбарӯ ҳастанд.

Қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди истихдом ба ҷойи кор, ки бояд дар ҳама кишварҳои узви он иттиҳодия риоят шавад, бархӯрд бар асоси дин ва ақидаро табъиз шумурдааст. Марко Перолинӣ, коршиноси масъалаҳои вобаста ба табъиз дар Созмони афви байнулмилал бо изҳори ин, ки дар бархе манотиқ аслан дар ин маврид қонуне вуҷуд надорад, мегӯяд:

«Он чиро ки мо дар бархе аз кишварҳо чун Фаронса, Ҳуланд, Белгия дарёфтем, ин аст ки қонунҳои мавҷуда ба таври дуруст татбиқ нашуда ва ин масъала табъан боиси нигаронист. Аз ҷониби дигар дар бархе аз кишварҳо, ба вижа Суис ки узвияти Иттиҳодияи Аврупоро надорад, қонунҳои фарогир бар зидди табъиз вуҷуд надошта, қонунҳои мушаххасе ки табъиз бар асоси дин ва ақидаро бар соҳаи корӣ мамнӯъ қарор диҳад, вуҷуд надорад.»

Масъалаи ҳиҷоб асоси баҳсҳоро дар Белгия, Ҳуланд, Испания, Босния, Дания, Фаронса, Италия Суис ва Британия ташкил медиҳад.

Дар ин гузориши Созмони афви байналмилал ҳамчунон мактабҳои умумӣ дар кишварҳои аврупоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки дар он духтарони мусалмон мавриди табъиз қарор гирифта, пӯшидани чодар барои онҳо мамнӯъ шудааст.

Созмони афви байналмилал аз кишварҳои аврупоӣ хостааст дар заминаи татбиқи қонунҳои мавҷуд бо ҷиддият талош карда, роҳҳоеро дарёбанд, ки аз бархӯрди табъизомез бо мусалмонон ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG