Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вашингтон аз тарҳи паймони дарозмуддат бо Кобул розист


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, матни Қарордоди коршарикии стратегии Амрико ва Афғонистон ҳарду тарафро қонеъ мекунад ва ба манфиати сулҳу субот дар Афғонистон аст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Виктория Нуланд гуфт, пас аз ҳамкории тӯлонӣ тарафҳои музокиракунанда шоданд, ки матни муштарак омода ва ба ҳукуматҳо пешниҳод шуд. Намояндагони давлати Афғонистон низ аз матни ниҳоӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Акнун қарор аст, ин тарҳро порлумони Афғонистон ва конгресси Иёлоти Муттаҳида ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG