Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико зидди Эрон ва Сурия


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама низ рӯзи душанбе таҳримҳои нави кишвараш алайҳи Сурия ва Эронро эълом дошт. Дар нутқе дар Осорхонаи Ҳолокост дар Вашингтон, Обама гуфт, ҷаҳон набояд бори дигар ба реша гирифтани нафрат иҷоза диҳад ва бояд аз ҳама гуна хушунат ҷилавгирӣ кунад. Вай афзуд, кишвараш таҳримҳои наверо зидди афрод ва ниҳодҳое дар Эрону Сурия ҷорӣ кард, ки фанновариҳоро барои ҳадаф гирифтани мардум ва нақзи ҳуқуқи онҳо истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG