Пайвандҳои дастрасӣ

Боз шудани се сомонаи "саркаш" дар Тоҷикистон


Бег Зуҳуров

Бег Зуҳуров

Сомонаҳои Maxala.org, Тjknews.ru ва Сentrasia.ru баъди қариб 2 моҳ дар Тоҷикистон дубора боз шудаанд, вале zvezda.ru то ҳол дастнорас боқӣ мемонад. Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин сомонаҳо акнун аз тариқи ҳамаи провайдерҳо боз мешаванд ва ҳеҷ гуна мушкили фаннӣ вуҷуд надорад. Дастрасӣ ба Facebook ва сомонаҳои tjknews.ru, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru аз 2 март дар пайи нашри протоколи 32-20-и ҷаласаи кобинаи амниятии Эмомалӣ Раҳмон дар zvezda.ru бо дархости Хадамоти алоқа ба далели «анҷоми корҳои профилактикӣ» қатъ шуда буд. Facebook ҳафтае баъд таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ боз шуд, вале “профилактика”-и сайтҳои дигар то ҳол идома дошт.
XS
SM
MD
LG