Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирии озмуни беҳтарин мактабу муаллими сол


Шаҳрдории Душанбе бо натиҷагии озмуни солонааш мактаби рақами 13-ро беҳтарин мактаби соли 2011 эълон кард. Ба ин мактаб як манзили сеҳуҷраӣ тақдим мешавад. Ношири ин хабар – «Азия Плюс» менависад, ҳамин тавр, мудири гимназияи рақами 9 ҳамчун мудири сол соҳиби 3 000 сомонӣ ва устоди забон ва адабиёти руси мактаби рақами 78 Виталий Рябтсов ҳамчун муаллими сол соҳиби 2000 сомонӣ ҷоиза шуданд. Синфи 11 Г аз мактаби рақами 55 беҳтарин синф шинохта шуд ва раҳбараш Нигина Ҳафизова дар тӯли 10 моҳ моҳона 200 сомонӣ ва сардори ин сифр Шаҳноза Каримова тайи 9 моҳ 60 сомонӣ идрор дарёфт хроҳанд кард. Кӯдакистони рақами 157 ҳамин тавр, беҳтарин кӯдакистони сол эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG