Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, нусхаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро хоҳад сохт


Эрон мегӯяд, маълумоти ҳофизаи ҳавопаймои бесарнишини Иёлоти Муттаҳидаро, ки соли гузашта дар ҳарими ҳавоии Эрон суқут кард, ифшо намудааст. Гуфта мешавад, аз ҷумла далелҳое хонда шудаанд, ки ин ҳавопаймо дар ҷосусии манзили Усмоа бин Лодин дар Покистон қабл аз қатли ӯ аз тарафи нерӯҳои вижаи Амрико истифода шудааст. Теҳрон ҳамчунин мегӯяд, нусхаи чунин ҳавопайморо хоҳад сохт. Эрон мегӯяд, ин ҳавопаймои махфиро суқут додааст, аммо Амрико бар ин аст, ки ҳавопаймо зимни мушкили фаннӣ фуруд омадааст ва мегӯяд, кашфи иттилои ҳофизаи он номумкин аст. Теҳрон дархости Вашингтонро ба баргардондани ҳавопаймо рад карда буд.
XS
SM
MD
LG