Пайвандҳои дастрасӣ

Селоб дар Шӯрообод ҷони як нафарро рабуд


Дар натиҷаи резиши борони шадид дар ноҳияи Шӯрообод як сокини деҳаи Тудани ин ноҳия бо номи Нурмат дар селоб ҷон бохтааст. Ҷасади вайро субҳи имрӯз пайдо кардаанд. Даҳҳо сар чорвои аҳолӣ низ талаф ёфтааст.

Селоби шаби гузашта дар маҳаллаи Хатти роҳ, Содиқов, маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб низ ба баъзе хонаҳо осеб расондааст. Бинои маъмурии автобазаи рақами 6-и Кӯлоб қисман хароб шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукуматӣ маҳаллӣ барои расидагӣ ба паёмадҳои ин офат комиссия ташкил кардаанд.
XS
SM
MD
LG