Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кобул 5 нафар бо маводи тарканда боздошт шуданд


Мақомоти амниятии Афғонистон дар Кобул 5 шӯриширо бо 10 000 кило маводи тарканда боздошт кардаанд. Шафиқулло Тоҳирӣ-сухангӯи Раёсати амнияти миллӣ дар нишасти хабарие дар Кобул гуфт, шӯришиён мехостаанд ин миқдор маводи таркандаро дар маҳаллоти пуродами Кобул истифода кунанд. Вай гуфт, агар ин мавод мавриди истифода қарор мегирифт, мумкин буд хуни бисёриҳо мерехт. Ин мавод дар 400 баста дар зери халтаҳои картошка дар мошине ошкор гардид, ки ба Кобул наздик мешуд. Ба гуфтаи вай, ин панҷ нафар боздоштшуда дар Покистон аз Толбиони ин кишвар тамрин гирифтанд ва бо Толибони Афғонистон низ иртиботи наздик доштаанд.
XS
SM
MD
LG