Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА аз ҳамлаи ваҳшиёна ба журналисти қазоқ изҳори нигаронӣ кард


Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович аз ҳамлаи ваҳшиёна ба журналисти қазоқ Лукпан Аҳмадёров изҳори нигаронӣ ва мақомотро ба таҳқиқи билофосилаи ин ҳодиса даъват кард. “Ваҳшонияти ин ҳамла такондиҳанда аст ва ман аз мақомоти Қазоқистон тақозо мекунам, ки ин ҷиноятро таҳқиқ карда муайян кунанд, ки оё ин амал ба кори журналистии ӯ вобаста аст ё на ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, гуфтааст хонум Миятович.
Лукпан Аҳмадёров - корманди нашрияи “Уральcкая неделя” шоми 19 апрел мавриди ҳамлаи афроди ношиносе қарор гирифт, ки ӯро дасти кам ҳашт маротиба корд зада, шадидан лату кӯб ва ду дафъа аз силоҳи травматикӣ ба сӯяш тир холӣ кардаанд. Сардабири нашрия Тамара Исломова дар сӯҳбат бо бахши қазоқии радиои Озодӣ ҳолати Лукпан Аҳмадёровро баъди анҷоми ҷарроҳии тиббӣ “хатарок” ва “сангин” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG