Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз осмони шаҳри Душанбе абрӣ хоҳад буд, каму беш борон меборад, то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар Хуҷанд рӯзона ҳаво соф аст ва аммо шомгоҳон тираву абрӣ хоҳад шуд, ҳарорат то 27 дараҷа боло меравад.

Дар Қӯрғонтеппа кам-кам борон меборад, то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Осмони шаҳри Хоруғ рӯзона офтобӣ ва аммо шомгоҳон абрӣ мешавад, то 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда хоҳад буд, дар Файзобод ва Шаҳринав каму беш борон меборад, аз 12 то 21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG