Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чанд вилоят дошта бошад: 3 ё 7?


Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад то соли 2017 ҳамаи 7 вилояташро барҳам диҳад.

Тибқи ислоҳоти сохтори идории кишвар, дар Қирғизистон танҳо 3 зинаи идорӣ – марказ, ноҳия ва ҷамоат – боқӣ хоҳад монд. Ҳадаф аз ин ислоҳот аз байн бурдани ҳалқаҳои беҳудаи идорӣ, коҳиши хароҷоти мақомоти давлатӣ ва ҳамин тавр, мубориза бо фасод гуфта мешавад. Аммо зоҳиран як ҳадафи дигари ин тағйир заиф кардани элитаҳои тавонои маҳаллист, ки барои гузарондани талабҳои худ ба ҳукумати марказӣ дар Бишкек фишор меоранд.

Бий ба ҷои волӣ

Эркин Олимбеков, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби Ота-Макон ва аз муаллифони ин ислоҳот ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳадафи асосӣ кам кардани масрафоти давлатӣ ва коҳиш додани ҳалқаҳои зиёдатии
Эркин Олимбеков, вакили парлумони Қирғизистон
Эркин Олимбеков, вакили парлумони Қирғизистон
идорист, ки монеъи тасвиби фаврии қарорҳо мешуд. Мақомоти вилоятӣ як ҳалқаи зиёдатӣ буд байни марказ ва маҳалҳо, ки хароҷоти зиёде ҳам дошт. Феълан пул то онки аз марказ ба маҳалл бирасад, бояд зинаҳои зиёдеро тай кунад ва дар ҳар зина табъан ҳаққи худро талаб мекунанд ва як қисми ин пул “гум” мешавад. Вилоятҳо барои мансабдорон амалан як “охур”-и фасод шудааст. Аз байн бурдани ин зина дастикам 15 фоизи хароҷотро кам хоҳад кард.”

Ба гуфтаи оқои Олимбеков, ин ислоҳот Бишкекро аз фишори афзояндаи элитаҳои маҳаллӣ низ то андозае раҳо хоҳад кард: “Мо дар воқеъ унсури сиёсиро аз байн хоҳем бурд. Ба ҷои волиён бийҳо, яъне намояндагони сарвазир дар 7 минтақа таъин хоҳанд шуд. Албатта, бо ҳайати хеле ками кормандон ва ҳам бо салоҳияти камтар. Ин намояндаҳо дигар чеҳраи сиёсӣ нестанд, балки бештар як мақоми сирф маъмурӣ хоҳанд шуд. Барои интисоб ё барканории бий ризоияти сохторҳои сиёсӣ, барои мисол, ҳизбҳо аслан шарт нест.”

7 вилоят = 7 ситораи парчам

Фазои ҳоким бар сиёсати Тоҷикистон чунон аст, ки мавзӯъи фишори элитаҳои маҳаллӣ ба ҳукумати марказӣ дигар ба гунаи солҳои 90 доғ нест ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ҳозир аз ҷониби ин элитаҳо таҳдиди ҷиддие эҳсос намекунад. Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик мегӯяд,
Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷик
Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷик
як сабаби худдории Душанбе аз таъсиси вилоятҳои нав то ҳол ҳамин тарс аз эҳтимоли қувват гирифтани элитаҳои маҳаллӣ буд.

Вале ӯ мӯътақид аст, ки бояд мақоми ноҳияҳои эркаву ятимро баробар карда, шумори вилоятҳоро дар Тоҷикистон ба теъдоди ситораҳои парчамаш, ки ҳафттост, бирасонанд: “Бояд 4 вилояти дигар ташкил кунанд – вилояти Рашт, вилояти Ҳисор (то бори шаҳри Душанберо сабук кунем), вилояти Зарафшон ва ҳатман вилояти Кӯлоб. Барои мисол, ҳозир водии Зарафшон буҷаашро бояд аз Хуҷанд бигирад. Ҳол он ки фосила аз Зарафшон то Душанбе наздиктар аст. Вилоят ҳар қадар бузургтар бошад, ҳамон қадар бесоҳибуву хаос зиёд мешавад. Ва агар хурдтар бошад, идорааш осонтар мешавад.”

Холиқназар Ҷумъаев, таҳлилгари зодаи Зарафшон ва аз тарафдорони гарми пешниҳоди таъсиси вилояти алоҳида дар заминаи се ноҳияи ин водӣ мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарони вақти ин водӣ ваъда дода буд, ки баъди сохтани нақби Анзоб вилояти Зарафшон ҳам таъсис дода хоҳад шуд, вале то ҳол дар ин мавзӯъ иқдом нашудааст: “Зарафшон дар байни ду ағба аст – Шаҳристон ва Анзоб – ва сафар аз се ноҳияаш ҳам ба Хуҷанд мушкил аст ва ҳам ба Душанбе. Ин минтақа як роҳи дуруст ҳам надорад, бахши кишоварзиаш фасод шуда, корхонаҳои саноатиаш ҳам аз кор мондаанд. Як иллаташ ин аст, ки соҳиб ва маблағгузори водӣ маълум нест, ки кист – Душанбе ё Хуҷанд? Ба назари бисёриҳо, ягона роҳи наҷоти ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Масчои кӯҳӣ ин аст, ки ё ба водии Зарафшон мақоми вилоят диҳанд ё онҳоро ба навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ бипайванданд.”

Бозгашт ба “мӯд”-и авоили солҳои 90

Вале бисёриҳо дар 13 ноҳияи водиҳои Рашту Ҳисор, ки мустақиман ба ҳукумати марказӣ итоат мекунанд, мегӯянд, мақомоти ин навоҳӣ дар амри дифоъ аз манфиатҳои маҳалли худ дар пойтахт ҳамсанги мақомоти вилоятҳо нестанд ва ин навоҳӣ дар амал ба фарзандони ӯгаю бесоҳиби ҳукумат табдил ёфтаанд. Нухбагони водии Ҳисор дар авоили солҳои 90 дар ивази ҳимоят аз Фронти халқӣ масъалаи таъсиси вилояти Ҳисорро матраҳ карда буданд, вале ин тақозо баъди таҳкими нисбии ҳукумати вақт радд шуд.

Галия Рабиева
Галия Рабиева
Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, таъсиси вилоятҳои нав бармаҳал аст. Ӯ бо ёдоварӣ аз давраи кораш дар Шӯрои вақти вазирон дар ибтидои солҳои 90 мегӯяд: “Ҳамон вақт хеле мӯд буд ин масъала. Муроҷиатҳо бисёр буд ва мо чанд ноҳияи нав ташкил кардем, мисли Шаҳринаву Тоҷикобод ё Тавилдара. Аммо ягон 10 муроҷиати дигар радд шуд, аз ҷумла дар мавриди ташкили вилояти Рашт. Пеш аз ҳама бояд масоили иқтисодиро ба инобат бояд гирифт. Вилоят бояд ягон қувва дошта бошад. Фаразан, ноҳияҳои минтақаи Қаротегин то ҳол бар асоси ёриҳои будҷаи давлатӣ фаъолият доранд. Аз ин рӯ, онҳо таҳти назорати бевоситаи ҷумҳурианд феълан. Ташкили боз як зинаи дигар ба афзоиши хароҷоти нигоҳдошти мақомоти давлатӣ хоҳад овард. Дар оянда, вақте ин ноҳияҳо рушд карданд, шояд зарурати ташкили вилояти нав пеш биояд. Аммо ин назари ман аст. Азбаски ин бевосита дар салоҳияти ҳукумат аст, дар онҷо мумкин фикрҳои дигар шаванд.”

Аммо иқтисоддони шинохта Холназари Муҳаббат, ки худ зодаи Рашт аст, мегӯяд, аз нав сохта шудани шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатол –Саритош, оғози истихроҷи маодин аз конҳои водии Рашт ва муҳимтар аз ҳама, тарҳи нирӯгоҳи Роғун зарурати таъсиси вилояти наверо дар ин сарзамини то ҳол ақибафтода пеш овардааст. Вале ба ақидаи ӯ, ба сурати умум, тақсим кардани ҷумҳурӣ ба вилоятҳои хурд аз нигоҳи идораи иқтисодӣ муфидтар аст, то таҳдиди густариши фасод, ки таъсиси як зинаи изофии идорӣ метавонад ба вуҷуд биорад: “Барои идораи хубу комилтар ва ҷобаҷогузории беҳтари қувваҳои истеҳсолкунандаву корхонаҳои чӣ саноату чӣ кишоварзӣ ташкили вилоятҳо беҳтар аст. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ягон маъно надорад ва агар ба ҷои онҳо ду вилояти Ҳисору Рашт ташкил мешуд, масъалаи ҳам тарбияи кадрҳо, ҳам сохтани корхонаҳо, бо сӯди бештар анҷом мешуд. Ва фасод ҳам шояд камтар мешуд. Чунки ҳар қадар ҳудуди идорӣ бузургтар бошад, доманаи фасод низ бузургтар мешавад.”

Кӯлоби қурбонии чандин “табартақсим”

Холназари Муҳаббат мегӯяд, ҳамин тавр, фурсати таҷзияи дигарбораи вилояти Хатлон ба ду вилоят ва эҳёи вилояти Кӯлоб низ расидааст. Дар воқеъ шояд бештар аз ҳар минтақаи дигари Тоҷикистон азоби “табартақсим”-ро ҳамин вилояти Кӯлоб кашидааст, ки бори аввал дар солҳои 20 таъсис ёфт, баъд барҳам хӯрд, соли 1939 эҳё шуд, соли 1955 боз аз байн рафт, соли 1973 боз барқарор шуд, соли 1988 бо вилояти Қӯрғонтеппа ҳарду вилояти Хатлон шуданд, соли 1990 аз нав зиндааш карданд, то дар поёни соли 1992 боз як бахши Хатлон шавад. Ин тасмими ахир, ба назари таърихшиносон, то ҷое эътирофи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ буд ва то ҷое, ба хотири ҳифзи таносуби қавмии баъди ҷанг тағйирёфта дар водии Вахш.

Ҷомеашиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, шаҳри Кӯлоб нафақат як маркази маъмурӣ, балки як маркази илмиву фарҳангии дар ҳоли рушд буд, ки бо табдил шудани Кӯлоб ба як гӯшаи дурафтодаи вилояти Хатлон, ин ҳамаро аз даст дод ва шахсиятҳои саршиноси илмиву фарҳангиаш аз инҷо рахти сафар бастанд: “Кӯлоб аз вақташ ҷое буд барои таҷрубаҳои давлати шӯравӣ. Он вилоят 6-7 бор барҳам хурду эҳё шуд. Ҳар вақте ки аз нигоҳи иқтисодӣ каме шакл мегирифт, ҳукумати шӯравӣ бо баҳонае барҳамаш медод. Бори охир, вақте нуфузи ғайритоҷикӣ дар вилояти Қӯрғонтеппа зиёдтар шуд, ҳукумат Кӯлобро ба он ҳамроҳ кард ки мувозинатро нигоҳ дорад. Вале, муттаассифона, вақте вилояти Кӯлоб барҳам хӯрд, ҳамчун маркази илмиву фарҳангӣ аз миён рафт. Қисмати асосии олимону фарҳангиён ба Душанбе омаданд. Вақте вилоят барҳам мехӯрад, марказаш аз мадди таваҷҷӯҳ дуртар мемонад ва маблағҳо камтар мешаванд. “

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик муқими шаҳри Кӯлоб
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик муқими шаҳри Кӯлоб
Ба ақидаи Аҳмади Иброҳим, хабарнигори муқими Кӯлоб, барҳам хӯрдани ин вилоят авоқиби сахти иқтисодӣ низ дошт ва ҳоло қариб ҳамаи 10 ноҳияи ин минтақа дастнигари кӯмакҳои ҳукумати марказӣ шуда, тавони пардохтани ҳатто нафақаи мардумро надоранд. Ӯ мегӯяд, вилояти Кӯлоб аз пайвастанаш ба Хатлон бой дод ва бояд акнун ҳатман барқарор шавад: “Бигзор 5 вилоят бошад, бигзор 6 вилоят бошад дар Тоҷикистон. Ин чӣ бадӣ дорад? Агар вилоят даркор набошад, пас ҳамаашро аз байн бардоранд. Кӯлоб танҳо дар ҳоли вилоят шуданаш рушд хоҳад кард, дар дигар ҳолат - не. Дар як ҳафта камаш 3 бор ҳар як масъул, барои мисол, аз Балҷувон ё аз Шӯрообод задаву кӯфта ба Кӯлоб меояд ва аз инҷо бояд ба Қӯрғонтеппа биравад. Ҳол онки тамоми сохтори як вилоят дар шакли идораҳои минтақавӣ дар инҷо ҳаст. 52 идораи минтақавӣ дорем – молияи минтақа, сӯхторнишонии минтақа, экологияи минтақа ва дигару дигар, ки ҳар кадомаш 20-30 масъул дорад бо маошу котибаву мошину утоқҳои барҳавои корӣ. Агар гап дар коррупсия бошад, ҳозир ҳам ҳаст. Дар Кӯлоб ҳатто намояндаи раиси вилояти Хатлон ҳам ҳаст – Маҳмадуллоҳ Ибодов. Агар ӯро раиси вилояти Кӯлоб биномем, дигар тамоми сохтори як вилоят вуҷуд дорад. Фақат номи вилоят нест ва ихтиёр ҳам дар дасти инҳо нест.”

Вилояти навро чигуна бояд сохт?

Аммо тартиби қонунии сохтани як вилояти нав дар Тоҷикистон чигуна аст? Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси намояндагон мегӯяд, танҳо барои табдили мақоми вилояти мухтори Бадахшон тағйири Қонуни асосӣ лозим аст, вале мақоми боқии вилоятҳоро Қонуни конститутсионӣ дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз соли 1995 муқаррар мекунад, ки дар замимааш тартиби ташкили вилоятҳои нав низ оварда шудааст.

Хонум Рабиева аммо мегӯяд, то ҳол касе расман масъалаи ташкили кадом вилояти наверо матраҳ накардааст: “Қонуни асосӣ дигар карда намешавад, чунки дар он чунин навишта шудааст: “Сохтори ҳудудии марзӣ-маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо иборат аст. Вилоятҳо умумӣ навишта шудааст, яъне агар вилояти дигар ҳам шавад,
Нақшаи вилояти Бадахшон
Нақшаи вилояти Бадахшон
зарурати иваз намудани Сарқонун нест. Навишта нашудааст, ки Суғду Хатлону фалон. Яъне имконият ҳаст. Лекин тартибаш хеле мураккаб аст. Қонуни сохти марзиву маъмурӣ мегӯяд: “Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди ҳукумат вилоятҳоро ташкил мекунад ва барҳам медиҳад.” Қонун қабул намекунанд, фақат Маҷлиси миллӣ бояд қарор қабул кунад, лекин бо пешниҳоди ҳукумат. Барои ин як қатор ҳуҷҷатҳо лозим аст. Мактуби ташреҳӣ иборат аз асоснокии ташкили вилояти нав, сарҳадҳои он, тақсимоти ноҳиявӣ, маркази маъмурӣ, номи вилоят, масоҳат, шумораи аҳолӣ ва шумораи аҳолии шаҳрҳо ва деҳот. Инчунин қарорҳои маҷлиси вилояте, ки тақсим мешавад. Онҳо ҳам бояд бинанд. Яъне ин як раванди хеле мураккаб аст.”

Ҷомеашинос Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, барҳам додани вилоятҳо танҳо дар сурате ба сӯд аст, ки ба ноҳияҳо мустақилияти бештар биорад, на инки онҳоро боз ҳам бештару бештар дастнигару пойбанди пойтахт кунад. Ба ақидаи ӯ, вилоятсозиву вилоятбозӣ бозмондаи муносибатҳои қадими авлодист, ки ҳанӯз дар зеҳни мардум нақши мустаҳкам дорад ва дар ин шароит барҳам додани ҳар вилоят як навъ расидан ба иззати нафси мардумаш талаққӣ мешавад, ки чаро маҳз вилояти онҳоро барҳам доданд?
XS
SM
MD
LG