Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафтаи варзишу бемашруботии туркманҳо


Намое аз идомаи "Ҳафтаи хушбахтӣ ва саломатӣ" дар Туркманистон.
Намое аз идомаи "Ҳафтаи хушбахтӣ ва саломатӣ" дар Туркманистон.

Дар Туркманистон ин ҳафта ҳама хушҳолӣ ва варзиш мекунанд, зеро раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба мардум чунин амр додааст.

Ӯ чанде пеш оғози “давраи хушбахтӣ” дар Туркманистонро эълом кард ва дар чаҳорчӯби ин ҳоло “Ҳафтаи хушбахтӣ ва саломатӣ” идома дорад.

Дар ин ҳафта бояд, мардум аз истеъмоли арақу машрубот парҳез карда ва дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат кунанд, ё дар корхонаҳо барои чанд дақиқа, якҷоя дастҳоро болову поён карда ва хеставу бишинанд.

Телевизиони давлатии Туркманистон нишон дод, ки чӣ гуна мардум ба истилоҳ довталабона ин корро мекунанд, аз табибон сар карда то ба қолинбофоне, ки эҳтиёҷе ба варзиш надоранд. Ҳатто духтурон ҳам бояд ҷойи корҳояшонро тарк карда ба мусобиқоти варзишӣ бираванд.

Як табиби туркман ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо амр додаанд, ки аз соати 11 то 12 дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат кунанд, ҳатто ҷарроҳон низ. Вале онҳое, ки мехоҳанд дар хона бошанду чизи барои сиҳатӣ зиёновар, масалан арақ бихӯранд, ноумед хоҳанд шуд, зеро дар ин рӯзҳо фурӯши машрубот дар Туркманистон мамнӯъ шудааст. Аширқулӣ Байриев, хабарнигори мустақили муқими Ашқобод мегӯяд, аз рафҳои мағозаҳо ҳама навъи машруботро бардоштаанд.

Айни замон агар туркманҳо хоҳанд ки баъди варзиши хастакунанда дам бигиранд, метавонанд, намоишҳои театрӣ, ба мисли намоишномаи “Давраи илҳомбарангези хушбахтӣ”-ро тамошо кунанд.
XS
SM
MD
LG