Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомхон Ҷӯраев: "Ман худам ба Тоҷикистон баргаштам"


Низомхон Ҷӯраев ҳангоми сухан дар телевизиони давлатии Тоҷикистон, шоми 7-уми апрели соли 2012.

Низомхон Ҷӯраев ҳангоми сухан дар телевизиони давлатии Тоҷикистон, шоми 7-уми апрели соли 2012.

Айбдоршавандаи асосии "парвандаи исфарагиҳо" Низомхон Ҷӯраев дар телевизиони давлатӣ изҳорот дод.

Вакили собиқи маҷлиси намояндагони вилояти Суғд ва раиси пешини Корхонаи кимиёи Исфара, Низомхон Ҷӯраев, ки гуфта мешуд, пас аз озод шуданаш аз маҳбас дар Маскав нопадид гатштааст, дар изҳороти телевизионии худ дар Душанбе гуфт, бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон баргашт ва омодааст, масъулияти айбномаашро ба зимма гирад. Вай гуфт, бегуноҳ нест ва тамоми ин муддат дар хориҷ аз Тоҷикистон дар фикри бозгашт буд. Ҷӯраев дар ҳоле ки аз рӯйи навиштае дар пеши худ сӯҳбат мекард, афзуд, масъулияти парвандааш ва ҳам нигаронияш аз наздикон ва атфоли худу бародаронаш, ки бесаробон ва назди модари пираш мондаанд, низ дар тасмимгирияш нақш доштаанд.

Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро аз ҷумла ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, нигаҳдошти ғариқонунии силоҳ, тақаллуби санадҳо, саркашӣ аз пардохти андоз, расмӣ кардани маблағҳои ғайриқонунӣ, аз худ кардани амволи давлатӣ ва даст доштан дар қатли Толибҷон Бобоев, муовини Додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Пас аз боздошти чанде аз шариконаш Ҷӯраев ба Дубай паноҳ бурд, вале дертар дар Маскав боздошт шуд ва аз мақомоти Русия талаби паноҳандагии сиёсӣ кард. Баъд аз итмоми мӯҳлати қонунии боздошти ӯ дар Маскав рӯзи 27-уми феврали соли равон ва пас аз чанд соати озодияш Ҷӯраев бо иттиҳоми ташкили сӯиқасд ба ҷони шаҳрванди Тоҷикистон Мирбодулло Каримов дигарбора боздошт гашт. Вакили дифои ӯ, Анна Ставитская гуфт, иттиҳоми нав танҳо ба хотири барои боз як мӯҳлат дар маҳбас нигаҳ дштани Ҷӯраев буд.

Тақрибан 10 рӯзи пеш Низомхон Ҷӯраев бояд боз аз боздошт дар Маскав озод мешуд, аммо Ставитская гуфт, ки нафари таҳти ҳимояташ ногаҳон ва бе хабардор кардани ӯ нопадид гаштааст. Вай изҳори нигаронӣ кард, ки Ҷӯраев рабуда ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар гузашта Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ва созмони Афви Байнулмилал ҳам аз Русия хоста буданд, ки ба далели эҳтимоли ба шиканҷа гирифтор шудан Ҷӯраевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Хонум Ставитская рӯзи 7-уми апрел соатҳое пеш аз иҳзороти телевизионии Ҷӯраев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз гузашта то ба имрӯз ҳеҷ шакке надошту надорад, ки рӯзе Низомхон Ҷӯраев дар Душанбе пайдо мешавад: «Ин хеле андӯҳовар аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияву Тоҷикистон қонунро новобаста аз он, ки Додгоҳи Аврупо истирдоди ӯро манъ кардааст, нақз мекунанд. Ӯ ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ман аз ҷониби худ мекӯшам, ки ӯ ба Маскав бозгардонда мешавад. Бовар дорам, ки ба ин вазъ Додгоҳи Аврупо дахолати шадид мекунад»

Анна Ставитская

Анна Ставитская

Анна Ставитская мегӯяд, тафтишот собит кардааст, ки Ҷӯраев дар ҳеҷ сӯиқасде ба ҷони Мирбодулло Каримов даст надорад, аммо бидуни огаҳии вакили дифоъ ӯро озод мекунад. Низомхон Ҷӯраев пас аз озодӣ ғайб мезанад. Ду рӯз пас аз ин хабар созмони Афви Байнулмилал аз мақомоти Русия хост, ба сарнавишти Ҷӯраев рӯшанӣ андозанд. Ин ниҳод табкид карда буд, ки истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон номумкин аст, зеро ӯ дар он ҷо ба эҳтимоли қавӣ бо шиканҷаву бадрафторӣ ва муҳокимаи ноодилона рӯбарӯ хоҳад гашт.

Як манбаъ, ки аз нахост номаш ошкор шавад, гуфт, интиқоли Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе охири моҳи март аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Вале дар изҳороти телевизионияш Ҷӯраев гуфт, худ тасмими бозгаштро гирифт ва аз роҳи заминӣ, ба воситаи Қазоқистону Қирғизистон ба Тоҷикистон омад. Вай афзуд, ҳангоме ки ба марзи Тоҷикистон ворид шуд, бори сангине аз рӯйи дилаш афтод ва ба ӯ сабукӣ овард.

Аммо соате пеш аз намоиши телевизионӣ хешовандони Низомхон Ҷӯраев гуфтанд аз сарнавишти ӯ хабар надоранд. Иноятхон Ҷӯраева, яке аз хоҳарони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи нопадид шудани бародараш то ба имрӯз дар бораи макони будубоши ӯ иттилое надоранд: «Мо ду хоҳарем, дигар ҳеҷ кас надорем ва намедонем, ки додарамон дар куҷост. Модараму ҳамаамон аслан хабар надорем, ки ӯ куҷост». Аммо бино ба гуфтаи афроди наздик ба оилаи Ҷӯраевҳо, чанде аз наздикони ӯ ба Душанбе рафтаанд, то барои Низомхон вакили дифоъ гиранд

Бино бар қонунҳои Тоҷикистон, истирдоди як нафар аз кишвари дигар бо дархости додситонии кулл сурат мегирад ва интиқоли ӯро кормандони вазорати корҳои дохилӣ анҷом медиҳанд. Дар ҳоли собит шудани истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Душанбе ин дуввумин мавриди пурсарусадое дар таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия хоҳад шуд, ки афроди айбдоршаванда дар пайи ғайбзании мармуз дар Маскав дар Душанбе пайдо шудаанд. Ҳамчунин маврид истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 2005 буд, ки баҳсаш то ба ҳол идома дорад. Тибқи иттилои расмӣ, солона аз Русия ба Тоҷикистон даҳҳо нафар расман истирдод мешаванд, аммо истирдодҳои мармуз низ зиёд рух медиҳанд, ки ду моҳ пеш нигаронии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро низ ба бор оварда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG