Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Курсиҳои арғувонии холӣ барои қурбониёни Сараево


Дар хиёбонҳои Сараево ба ёди ҳамаи ҷонбохтагон дар замони муҳосираи ин шаҳр курсии сурхи холӣ гузошта шуд.

Муҳосираи Сараево аз сӯи сербҳои Боснӣ 6 апрели соли 1992 шурӯъ шуд ва 44 моҳ идома кард - он тӯлонитарин дар таърихи навини Аврупо маҳсуб мешавад. Ин муҳосира сароғози ҷанги Боснӣ гардид, ки беш аз се сол идома дошт ва оташи он зиёда аз 100 000 нафарро ба коми худ кашида, тақрибан 2 миллиону 200 ҳазор нафари дигарро паноҳанда кард.

Сербҳои Боснӣ Сараеворо баъди он дар иҳота гирифтанд, ки ҷомеаи Аврупо истиқлоли мусулмонҳои Босниро пазируфт ва хорватҳо дар референдуми таҳримнамудаи сербҳо ширкат намуданд. Дар муҳосираи шаҳр ба онҳо Сербия кӯмак мекард ва сербҳои Боснӣ бо забти 70 дар сади қаламрави кишвар ба таъқибу куштори мардуми ғайрисерб пардохтанд.

Тайи беш аз се соли муҳосираи Сараево тақрибан 380 000 сокини шаҳр аз барқу обу гармӣ маҳрум буданд ва ҳамарӯза борони тиру гулӯлаи тӯп болои шаҳр мерехт. Дар ин муддат ҳазорон нафар ҷон бохтанд, аз ҷумла, садҳо кӯдакон, ки ҳадафи тири мерганҳои серб қарор доштанд. Ҷанг дар Боснӣ соли 1995 бо имзои созиши сулҳи Дейтон поён ёфт. Ва аммо марзҳои қавмӣ дар Боснӣ то ҳанӯз боқӣ мондаанд ва акнун кишвар аз ду бахш -- Федератсияи мусалмонҳову хорватҳо ва Ҷумҳурии сербҳо иборат аст.

Таҳиягари маъруфи театр Ҳарис Пасович, созмондиҳандаи “Хатти сурхи Сараево” мегӯяд, ки "шаҳр бояд ба ёди қурбониён лаҳзае комилан сукут кунад". Ӯ меафзояд, ки “онҳо ҳаёти худро нисори озодии шаҳр карданд. Онҳо ин шаҳрро дӯст медоштанд. Онҳо барои он кушта шуданд, ки шаҳрвандони Сараево буданд, дар манзили худ, дар мактабҳои худ, дар майдончаҳои кӯдаконаи худ буданд. Онҳо дар бемористонҳо, дар хиёбонҳо, дар манзилҳо, дар ҳама ҷо ҳадафи тир қарор мегирифтанд».

Дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба бистумин солгарди муҳосираи Сараево, дар пойтахти Боснӣ «осорхонаи маҷозӣ»-и муҳосира таъсис хоҳад шуд. Ҳамчунин Ведран Смайлович, ки ҳамчун «Виолончелисти Сараево» маъруф аст, бори аввал баъд аз хатми даргириҳо дар Боснӣ дар пойтахт ҳунарнамоӣ кард. Рӯзҳои муҳосира ӯ дар хиёбонҳову паноҳгоҳҳо ва дар маросими дафни сокинони шаҳр виолончел менавохт ва ба рамзи муқовимат ба ҷанг табдил шуда буд.

Дар ин навори видео аз бойгониҳо метавон рӯзҳои муҳосираи хунини Сараеворо дид:

XS
SM
MD
LG